Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули дархостҳо барои иштирок дар ҷоизаи байналмилалии Федератсияи Россия дар соҳаи технологияҳои оянда — «ВЫЗОВ» оғоз гардидааст.
Дар номинатсияи байналмилалии «Discovery (Открытие)» олимон, муҳаққиқон ва гурӯҳҳои илмии хориҷӣ метавонанд иштирок намоянд. Номинатсияи мазкур барои кашфиёт ва дастовардҳои муҳими илмӣ пешбинӣ шудааст, ки ба рушди илм ва технологияҳои муосир таъсири назаррас мерасонанд.
Самтҳои афзалиятнок:
• технологияҳои оянда;
• илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ;
• технологияҳои иттилоотӣ;
• энергетика;
• биотехнология ва тиб;
• логистика ва коммуникатсия.
Мукофоти озмун:13 МИЛЛИОН РУБЛИ РУСӢ
Муҳлати қабули дархостҳо:то 25 майи соли 2026
Қабули дархостҳо тавассути сомонаи расмӣ: https://fondvyzov.ru/prize/
Ҷоизаи байналмилалии «ВЫЗОВ» барои дастгирии дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ таъсис дода шуда, ба олимоне дода мешавад, ки натиҷаҳои таҳқиқоти онҳо ба рушди ҷомеа ва технологияҳои оянда мусоидат менамоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 