Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) ба маълумоти ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқон, докторантон (PhD), магистрантон ва шарикони ҳамкори донишгоҳ мерасонад, ки дар доираи лоиҳаи байналмилалии PROGRESS «Зелёные навыки для зелёной экономики в Центральной Азии» қабули дархостҳо барои иштирок дар барномаи шарикии транссарҳадии тандемӣ оғоз гардидааст.
Барнома ба рушди ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои соҳаи маориф, корхонаҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуда, ҳадафи он таҳия ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди сабз ва рушди малакаҳои муосир мебошад.
Самтҳои афзалиятноки барнома:
✅ самаранокии энергетикӣ;
✅ электромобилнокӣ;
✅ энергетикаи офтобӣ ва бодӣ;
✅ рақамикунонии таҳсилот;
✅ рушди малакаҳои сабз;
✅ баробарии гендерӣ ва фарогирӣ.
Дар доираи барнома барои амалисозии ташаббусҳои муштарак маблағгузорӣ то 16 000 евро пешбинӣ шудааст. Аз омӯзгорон, муҳаққиқон ва воҳидҳои сохтории донишгоҳ даъват карда мешавад, ки барои дарёфти шарикон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ташаббус нишон дода, лоиҳаҳои муштарак пешниҳод намоянд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: 15 июни соли 2026.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварат оид ба омода намудани дархостҳо хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоянд.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 