Ба диққати донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар барномаи бурсиявии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ҷиҳати таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура барои соли таҳсили 2026 - 2027 оғоз гардидааст.
Барномаи мазкур ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои гуногуни афзалиятнок равона шуда, барои шаҳрвандони давлатҳои шарики KOICA, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Ба маълумоти довталабон расонида мешавад, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар барномаи мазкур то 17 июли соли 2026 муайян шудааст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварат оид ба тартиби иштирок дар барнома метавонед ба Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 