ЭЪЛОН!

Бинанда: 14 | Санаи нашр: 07 Июл 2026

Ба диққати донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи Кокшетау ба номи Абай Мирзахметов (Ҷумҳурии Қазоқистон) барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2026–2027 оғоз гардид.

Барномаи мазкур ба донишҷӯён имконият фароҳам меорад, ки дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил намуда, дониш, малака ва таҷрибаи байналмилалии худро такмил диҳанд. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои зерин амалӣ мегардад:

  1. 6B0150 – Информатика
  2. 6B0211 – Дизайн
  3. 6B0311 – Муносибатҳои байналмилалӣ
  4. 6B0411 – Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ
  5. 6B0411 – Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит
  6. 6B0411 – Молия
  7. 6B0421 – Ҳуқуқшиносӣ
  8. 6B0422 – Ҳуқуқи байналмилалӣ
  9. 6B0611 – Системаҳои иттилоотӣ
  10. 6B1112 – Сайёҳӣ (Туризм)

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 31 июли соли 2026 муқаррар гардидааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳо ва тартиби иштирок дар барнома метавонед ба Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Сомонаи Донишгоҳи Кокшетау ба номи Абай Мирзахметов:

https://kuam.edu.kz/

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top