Бурсия барои таҳсил

Бинанда: 4 | Санаи нашр: 29 Июл 2026

Ба таваҷҷуҳи омӯзгорон, кормандон ва хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Донишкадаи миллии таҳқиқоти сиёсӣ (National Graduate Institute for Policy Studies – GRIPS), Ҷопон барои соли таҳсили 2027–2028 қабули довталабонро ба барномаҳои магистратураи яксола (MP1) ва дусола (MP2) дар самтҳои иқтисодиёт, сиёсати давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди байналмилалӣ эълон намудааст.

GRIPS яке аз донишкадаҳои пешрафтаи давлатии Ҷопон дар соҳаи сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, таълим пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда мешавад. Барои довталабони муваффақ имконияти дарёфти бурсияҳои Ҳукумати Ҷопон (MEXT) ва Барномаи бурсияҳои Бонки Осиёии Рушд – Ҷопон (ADB-JSP) пешбинӣ шудааст, ки хароҷоти таҳсил, маблағи шартномаи донишгоҳ, стипендия ва дигар имтиёзҳоро дар бар мегирад.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз моҳи августи соли 2026 оғоз гардида, тавассути сомонаи расмии GRIPS амалӣ мешавад. Аз ҳамаи хоҳишмандон даъват карда мешавад, ки барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии ДДТТ муроҷиат намоянд.

 

Сомонаи расмӣ: https://www.grips.ac.jp/en/admissions/index/

 

Муфассал: Таҳсил дар Ҷопон_Магистратура_2026.pdf

 

 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top