ПАЁМ - ОМӮЗИШИ ИЛМУ ҲУНАР МАВЗУИ МЕҲВАРӢ

Бинанда: 254 | Санаи нашр: 23 Январ 2025

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ фаъолияти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд, ки мактабу маориф ва илму ҳунаромӯзӣ яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ва афзалиятноки он маҳсуб меёфт.
Пешвои муаззами миллат дар паёмашон таъкид карданд, “то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд”.
Воқеист, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини солим рў овардан ба рушду тарғиби омӯзиши илму ҳунар кардани аҳли ҷомеа буду мемонад. Аз ин ҷиҳат, оид ба саъйу талаби омӯзиши илм ва касбу ҳунар ниёгонамон дар осори хеш фаслу бобҳо ва рисолаҳо бахшидаанд, зеро ин мавзўест фарох, серпаҳлуву баҳсталаб, меҳварӣ ва билохира, дархўри ҳар давру замон мебошад.


Чунончи, Саъдии Шерозӣ мўътақид аст, ки талаби касбу ҳунар ва илм аз муҳимтарин омилҳои беҳбудбахши ҳаёт ва иршоди иқтисоду ҷомеа аст, з-ин рў аз қавли ҳакими донишманде фарзандонро чунин даъват ба амал оварда: “Ҷонони падар, ҳунар омўзед, ки мулку давлати дунё эътимодро нашояд”.
Дар ҷои дигар фикри худро тақвият бахшида онҳоеро, ки шарафи падарӣ насибашон гашта ҳушдор дода, мефармояд:
           Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
           Писарро хирадмандӣ омўзу рой.
           Чу фарҳангу рояш набошад басе,
           Бимирию аз ту намонад касе.


Ҳеҷ фарди равшанзамиру комилақлро пўшида нест, ки туфайли фарзанди солеҳу ҳунарманд ва ҳамидахисол номи ў абадият меёбад. Шайхи Шероз, сараввал, хитобан, ки эй падари нексияр, “писарро хирадмандӣ омўзу рой” ва идоматан, чун устоди давр қотеона талаб ба миён мегузорад:
           Биомўз парвардаро дастранҷ,
           Ва агар даст дорӣ чу Қорун ба ганҷ,
           Макун такя бар дастгоҳе, ки ҳаст,
           Ки бошад, ки неъмат намонад ба даст,
           Ба поён расад кисаи симу зар,
           Нагардад тиҳӣ кисаи пешвар.


Таҷрибаи рўзгор ба исбот расонида, ки ба сарвату ганҷи фаровони дар ихтиёрдошта фирефта нашуда, фарзандро низ бо он дороӣ фориғбол накарда, илму ҳунар ва усули аз роҳи нек гирд овардани ганҷ, санъати покманишонаи фароҳам овардани онро бояд омўхт ва такя бар “дастгоҳе, ки ҳаст, набояд кард”, зеро “бошад, ки он неъмат намонад ба даст”.
Мактаби зиндагӣ Саъдии оламу одамдидаро мўътақид гардонидааст, ки “пешоварро киса тиҳӣ нагардад”, чаро ки “ҳунар чашмаест зоянда ва давлатест поянда”.
Саъдӣ дар боби толиби касби илму ҳунар шудан бо Унсурулмаолии Кайковус мувофиқанд, ки эшон дар асараш “Қобуснома” фарзандаш Гелоншоҳро чунин насиҳат кардааст: “Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун мағелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро. Аммо ҷаҳд кун, ки агарчӣ асилу гавҳарӣ бошӣ, гавҳари тан низ дорӣ, ки гавҳари тан аз гавҳари асл беҳтар”, яъне бузургӣ хираду донишрост, на гавҳару тухмаро.
Дар боби “Андар фарзанд парвардан ва ойини он” омадааст: “Пас бояд, ки ҳар чӣ омўхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар фарзандро биомўзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натвон буд ва натвон донист, ки бар сари мардумон чӣ гузарад. Ҳар ҳунареву фазле рўзе ба кор ояд. Ва агар фарзанди мўҳташамон сад пеша донанд, чун ба касб бикунанд айбе нест, балки ҳунар аст, ҳар яке рўзе ба кор ояд”.
Шайх Саъдӣ, пасон, фикрашро тақвият бахшида баҳри хотирҷамъии падар меафзояд:
           Чу бар пешае бошадаш дастрас,
           Куҷо дасти ҳоҷат барад пеши кас.


Мутафаккирро ақида он аст, ки аҳли фазлу ҳунарманди комилро ҷамъият ба хорӣ нарасонад, вале ашхоси лаиму сифла ройгон ва ё ба василаи нохубе дорою сарватманд чун Қорун гарданд ҳам, табъи лаъимашон дигаргун нашавад.
Чун Саъдӣ касеро маълумтар нест, ки ба даст овардани илму ҳунар на корест саҳл ва муштоқону толибонро ба сабурию бурдборӣ хондаву ба маҳсули фараҳфизои он умедвор менамояд:
           Ҳар он кас, ки гардан ба фармон ниҳад,
           Басе барнаояд, ки фармон диҳад
           Ҳар он тифл, к-ў ҷаври омўзгор,
           Набинад, ҷафо бинад аз рўзгор


Ҳакими донишманд ва порсою закӣ пас аз таҳсилу тааллуми босубот аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро ба татбиқи донишу таҷрибати андўхта, ба кўшишу саъй, меҳнати поку нафъовар мехонад:
           Чунон саъй кун, к-аз ту монад чу шер,
           Чӣ бошӣ чу рубаҳ ба вомонда сер
           Бихўр то тавонӣ ба бозуи хеш,
           Ки саъят бувад дар тарозўи хеш.
           Чу мардон бубар ранҷу роҳат расон,
           Муханнас хўрад дастранҷи касон,
           Бигир, эй ҷавон, дасти дарвеши пир,
           На худро бияфкан, ки дастам бигир.


Ҳамчунин ин ҷо муаллиф насли ҷавонро, ки дар ҳамаи давру замон муттако ва нерўи асосии пешбари ҷомеаанд, ба футуввату ҷавонмардӣ ва саъйу такя бар бозўи хеш хонда, аз дастранҷи дигарон, махсусан пирону дардмандон, заифону маъюбон хўрданро пастии ҳиммату фитрат ва ноҷавонмардӣ медонад.
Ба андешаи ман, ин даъвати хирадмандонаи Шайхи порсо имрўзҳо ҳам ҳар фарди равшанзамиру меҳанпараст ва бонангу ифтихори миллидоштаро бар канор нахоҳад гузошт.
Хосатан, ҳоло ки Тоҷикистони азиз ба тозагӣ истиқлол ёфтаю ба нерўҳои ақлию зеҳнӣ ва ҷисмонӣ беш аз пеш ниёз пайдо карда, он ҳама сохтмонҳои азими давр, ки сурат гирифта истодааст, майдони фидокорию корзори ҷавонони бонангу ор ва созандаю бунёдкори мо бояд қарор дошта бошад, то ин ки истиқлоли воқеию устувори Ватани худро таъмин намоем.
Дарвоқеъ рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа маҳсуб меёбад.
Мо – омӯзгорону аҳли илм дастуру супоришҳои ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, минбаъд низ ба хотири ободӣ ва рушди устувори Тоҷикистони маҳбуб тамоми дониш ва маҳорати хешро равона намуда, насли шоистаи ояндасозро, ки Сарвари кишвар ба онҳо эътимоди комил доранд, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва сидқан илму касбу ҳунаромӯзӣ тарбия менамоем.


Насриддиниён Бобишоҳи Ҳасанпур, н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top