АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА

Бинанда: 213 | Санаи нашр: 24 Феврал 2025

          Ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дорои Артиши миллии худ мебошад. Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол замоне таъсис дода шуд, ки дар мамлакат бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, яъне он дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. Ҳанӯз 18 – уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи таъсиси “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид ва он дар заминаи “Фронти халқӣ” ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.

          Бори нахуст дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе 23 – юми феврали соли 1993 паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввал ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҷиддӣ дода, ба омодасозии техникаву таҷҳизот ва кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд. То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ: қушунҳои хушкигард, қушунҳои қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва қушунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандустӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем, чунки равияҳову созмонҳои террористию экстремистӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок, метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишварро халалдор созад. Ҳар як афсару сарбози шуҷои Ватан ҳамчун сипари боэътимод дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳушёру зирак бошанд ва фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи  имрӯзаи кишвар бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омада, мардуми он дар симои хизматчиёни ҳарбӣ фарзандони далеру шуҷои Ватанро мебинанд ва боварии комил доранд, ки ҳар яки онҳо ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд.

         Бояд тазаккур дод, ки собиқ хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмати  Ватан – Модарро адо намуда, талош бар он меварзанд, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таҳкими Артиши миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба халқу миллати куҳанбунёди хеш ҷавонмардона бо сари баланд хизмат намоянд.

        Чунончи, ба наздикӣ бо ташаббуси Раёсат ва Кумитаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ вохӯрӣ бо собиқ хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона хизмати Ватан – Модарро ба ҷо меоранд, баргӯзор гардид. Ҳар кадоме аз онҳо, ки дар навъҳои гуногуни Артиши миллӣ адои хизмат менамоянд, зимни суханронӣ қайд намуданд, ки имрӯзҳо барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тамоми шароитҳо муҳайё буда, мо ҷавононро месазад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиамон ҳушёру зирак бошем ва ҳар яки шуморо даъват менамоем, ки баъди бомуваффақият хатм намудани Донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дохил шуда, ба Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз содиқонаю софдилона хизмат намоед.

        Хизмати Ватан ин қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ба ифодаи дигар, хизмати ҳарбӣ нишонаи ватандӯстӣ, ҳимояи Ватани худ, қарзи муқаддаси фарзандии ҳар як ҷавони мамлакат ва рисолати мардонагист. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони бонангу номус бо хизмати садоқатмандонааш бояд исбот намояд, ки Артиши миллӣ воқеан ҳам сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Ориф Шодмонов, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top