Зан-модар олиҳаи зебоии зиндагӣ, фариштаи пурҷило дар рӯи замин ба ҳисоб меравад. Воқеан ҳам модар мураббии фарзандону нигаҳдорандаи чароғи хонадон аст. Беҳуда нест, ки зан - модарро ҳамчун рамзи оила, сарчашмаи накукорӣ ва неруи тавоно мешуморанд. Зиндагӣ ҳар якеи мо аз зан-модар сарчашма гирифта, ҳаётро бо навозишу созиш орову торро дода, бо сад ниёишу фаҳмиши модарона фарзандонро ба воя мерасонад.
Модар набии хонадон, гулафшони замину осмон, ба дунё оварандаи насли инсон аст. Дар ҳақиқат тамоми ҳастии дунё зебост, аммо модар аз тамоми ҳастии дунё авлотару зеботар аст. Бо омад-омади баҳори нозанину гулбасар занону модарони меҳрубони мо ҷашн доранд. Ҷашни «Рӯзи Модар». Шуъоҳои нурбахши ин рӯзи фархунда ба занону модарон як руҳу илҳоми наву тоза мебахшад.
Ҳамчунин қайд бояд намуд, ки беҳтарин ва арзандатарин хислати занон-поктинатию инсондӯстӣ, нексириштию фарҳангпарварӣ, созандагию заҳматписандӣ ва эҳсоси волои ватандӯстию ифтихори ватандорист.
Самимияту садоқат аз зеботарину хулқу атворест, ки зевари занону покдомону ростин аст. Маҳз бо ташаккули ҳамин хислатҳои наҷиб ҳар бону метавонад фотеҳи балантарин қуллаҳои фаъолият бошад. Зарбаҳои зиндагиро мардонавор ҷигардорӣ карда, сарбаландона пасту хами роҳи пурпечутоби рӯзгорро тай намояд.
Қайд намудан бо маврид аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар канор намондааст.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Бояд қайд кард, ки 50 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд ва таваҷҷуҳ ба шуғли онҳо сол то сол афзоиш ёфта, дар пешрафти соҳаи гуногуни хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ ва ғайра судманд арзёбӣ мешавад.Хушбахтона, бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат солҳои охир мардум ба ин масъала бо диди нав, бо назари тоза менигаранд.
Ҳамзамон дар паёми имсолаи ирогардидаи Пешвои миллат далели ин гуфтаҳост. Қайд намуд, ки “Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта бузург арзёбӣ мегардад. Ҳамчунон, зикр шуд, ки “Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 75 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкорону бонувону занон ташкил медиҳанд”.
Аз ин лиҳоз, мавқеи занон дар сиёсати имрӯза ҷойгоҳи махсусро касб кардааст ва бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва ибтикору роҳнамоии шаҳрдории кишвар, инчунин, дигар дастгириҳои сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ занон дар қатори мардон фаъолияти пурсамар намуда, ҷиҳати рушд намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.
Мо умедворем, ки занону модарони арҷманди мо рисолати муҳимми иҷтимоии худро, чун ҳарвақта, амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
Назруллозода Майсара Назрулло, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ