БА ЁДАТ ДИЛАМ ГУМ МЕЗАНАД, МОДАР

Бинанда: 200 | Санаи нашр: 03 Март 2025

Навои булбул омад ёд кардам алаҳоятро,

Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.

Ман охир ёд кардам ёд кардам модари ҷонам,

Адоятро навоятро ҳама меҳру вафоятро.

 

Бале, баробари шунидани ин калима, дили ҳар яки мо гум мезанад, зеро дар мазмуну муҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону қиссаҳо ва ғазалу таронаҳо сароида шудаанд. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон буда, меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ, ки сафобахши рӯзгор ва фонуси ҳаёти инсоният ба шумор меравад, насиби ҳар кас ҳам шуда наметавонад. Хушбахттарин фарзандон аз навозишҳои ӯ бархурдоранд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад.

Бо ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли кишвар иброз дошта буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Рӯзи Модар, ки ҳамасола 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу уҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Гарчанде ки модари азизу меҳрубонам дар қайди ҳаёт набошанд ҳам, дар симои он кас тамоми модарону хоҳаронро ва умуман бонувони азизи Тоҷикистонро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Модар табрику муборакбод намуда, барои ҳамаи Шумо азизон, беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар ҳар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша ҳувайдо бошад!

Агар як хандаат бинам, шавад сад дард таскинам,

Дигар бар хандаҳои ту дилам гум мезанад модар.

Идимоҳ Қурбонова, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top