ШАБЕ, КИ МОДАРАМ МЕҲМОНИ МАН БУД

Бинанда: 208 | Санаи нашр: 05 Март 2025

Воқеан ҳам Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст, зеро ӯ баъд аз Парвардигор, офарандаи насл аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон дар рӯи олам аст ва боре шабе, ки модарам меҳмони ман буд, эҳсос намудам, ки бӯи деҳа меомад, зеро модарам бо он дастони пурмеҳраш дар танур нони бомазза пухта ва ин бӯи нон давраи бачагиамро, ки воқеан давраи нотакрори тиллоии умрам буд, ба ёдам овард. Ин ба руҳияи ман як ҷаҳони дигар бахшид.

Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд, зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда, навозиши дастони модар беҳтарин оромдиҳандаи фарзанд аст, новобаста аз синну сол метавонад фарзандро ба қуллаҳои баланди мурод расонад.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки модар чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллати хеш мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”. Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмати шоиста менамояд. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо меҳру муҳаббати худ пайваста калимаҳоро такрор карда, барои омӯхтани он мусоидат намуда, бо роҳи хештаншиносӣ ҳидоят менамояд, то ки фарзанд аввалин суханҳои зеборо аз модари бузурги худ ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд, то тавонад дар зиндагии худ шахси барҷастаро ҳидоят намояд.

Вақте ки вожаи муқаддаси “модар”-ро ба забон меорем, қабл аз ҳама, симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи Замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва дар маҷмуъ, офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон пеши назар меояд. Агар Хуршед бо анвори хеш ҷаҳонро файзу рӯшноӣ ва хуррамӣ бахшад, пас, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан-модар нури зиндагии инсон, сарчашмаи саршори рӯзгор ва ободию осудагии ҳар хонавода маҳсуб меёбад.

Аз ту модар ибтидо ёбад ҷаҳону зиндагӣ,

Бе ту набвад равнақе дар бӯстони зиндагӣ.

Насимҷон Давлатов, муаллими калони кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top