САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДДАОИ МОДАР

Бинанда: 283 | Санаи нашр: 06 Март 2025

Баҳори ту хазон мабод, эй биҳишти ман,

Ба дасти дигарон мабод сарнавишти ман.

Азизу беҳтарини ман, модари ман,

Биҳишти дар замини ман, модари ман.

Биё модар, дастони бомеҳратро бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё ки ман ба ту рози дил бигуям. Эй раҳмати Худованд ту бузургтарин шахси ҳаётӣ, зеро бо ин ҳама бузургӣ маро мебахшӣ. Эй ҷаннати Парвардигор дар рӯи замин! Танҳо ту василаи хушбахтии ҳаёти ман ҳастӣ, зеро ту маро ба дунё овардӣ, ба хотири ман шабҳо дар сари гаҳвораам нишаста бехобӣ кашидӣ. Туро ёд кардам модар, ту мисли гул ҳастӣ, ки аз бӯи хушат чаҳон муаттар мешавад. Аё модар! Туро басо ёд кардам, дар танҳоӣ фарёд карда, билохир диламро аз қафас озод кардам.

Биҳишт, ки ризои модарон аст, дар зери қудуми Модарон аст. Вақеан ҳам Модар қимматтарин ва ноёфттарин неъмати дунёст, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Канори модар худ мақсади аввалини ҳаёти мост ва мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Оре, давлати бузургтарини фарзандон модар аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки бо аллаи модар шурӯъ гардида, бо номи он анҷом меёбад. Ҳар фарзанде,ки қиммати модарро донад бо дуояш хушбахту шӯҳратёр мегардад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар

Аз сарвату зи шӯҳрат гар бар фалак занад сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пои Модар,

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ хуршеди хонадон, идомадиҳандаи насл ва устоди нахустин мебошад. Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона пайваста омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Модари ман ҳам бароям гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорам, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрам барояшон фидо созам. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол.

Дар ҳаққи модар чӣ қадар сухан гӯем кам аст, зеро онҳо хеле бузурганд!

Зиҳӣ, Модар, ба чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам дар пешат сар фуруд меоранд…

Назирамоҳ Азизова, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top