Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Модар сарчашмаи меҳру вафо, рамзи ишқи ҷовидонӣ, олиҳаи зебоӣ, нахустин мураббии фарзанд мебошад. Агар ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Худованд ба модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро маҳз аз ӯ меомӯзад.
Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гуфта, меҳри саршор аз муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Дар ин ҷода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан - модар чунин қайд кардаанд: “Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост”.
Бояд қайд намуд, ки “Рӯзи Модар” бо Фармони Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 таҷлил гардида, ба ин тартиб яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол “Рӯзи Модар” ба хотири арҷгузорӣ ва бузургдошту ситоиши модар барои идома додани анъанаҳои бостонии халқи тоҷик бо асолат ва муҳтавои азалияш таҷлил мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан занон таҳти дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб гардиданд. Ин соҳибэҳтиромӣ имконият дод, ки занон дар пешрафту тараққиёти ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, соҳаҳои мухталифи хоҷагии мамлакат нақши муассир гузошта, имрӯз чун олиму омӯзгор, табибу сиёсатмадор, ҳунарманду варзишгар, рӯзноманигору ихтироъкор, муҳандису ҳомии Ватан қариб дар ҳамаи касбу кор пешқадаму саҳмгузор бошанд.
Воқеан, ба оғози фасли баҳор рост омадани Иди модар рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас модар бо меҳру муҳаббат, раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода мебошад.
Амонатзода Маҳбуба Ато, н.и.г., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ