Модар – бузургтарин неъмати худовандист, офарандаи меҳру муҳаббат, рамзи садоқату фидокорӣ ва сарчашмаи зиндагӣ. Ҳар як инсон дар зиндагӣ ҳар чӣ қадар бузург гардад ҳам, ҳеҷ гоҳ наметавонад ҳаққи модарро пурра адо намояд. 8-уми март – Рӯзи модар, на танҳо як ҷашни расмӣ, балки рӯзи қадрдонии тамоми модаронест, ки дар олам муҳаббат ва меҳрубониро паҳн мекунанд.
Дар ҳаёти ҳар инсон модар мақоми баландтаринро дорад. Ҳанӯз аз кӯдакӣ ҳар як нафар бо меҳрубонии модар, бо дастони нарми ӯ ва бо дуои хайраш бузург мешавад. Ҳар субҳе, ки мо бо табассум аз хоб бедор мешавем, ҳар бегоҳе, ки бо осудагӣ хоб меравем, ҳама аз баракати дуои модар аст.
Модар – беҳтарин мураббӣ, устод ва роҳнамоест, ки фарзандашро бо муҳаббат тарбия мекунад. Вай тамоми умри худро барои фарзандонаш бахшида, дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ пуштибони онҳо мебошад. Ҳатто вақте ки фарзандаш калон шавад ҳам, чашмони модар бо меҳр ва муҳаббат ӯро дунбол мекунад. Чӣ зебо фармудааст шоир:
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.
Ҳар касе, ки дар дунё ба муваффақият мерасад, бояд бидонад, ки ин ҳама бо дуои модар аст. Мо, фарзандон, бояд ҳамеша модарро эҳтиром кунем, ғамхорӣ намоем ва нагузорем, ки хотираш озурда гардад.
Мегӯянд, ки осмони зиндагии ҳар кас бо дуои модар соф аст. Пас биёед, дар ин рӯзи саид модарони худро бо меҳру муҳаббат шод гардонем, барояшон дуои нек кунем ва фаромӯш накунем, ки модар ягона шахсе аст, ки беғараз моро дӯст медорад.
Рӯзи Модар муборак бошад!
Усмон Сафаров, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ