Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба мебошад. Аз замони истиқлолият, ҷонибҳо барои муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ кӯшиш намуда, дар ин раванд санадҳои гуногуни ҳуқуқӣ ба имзо расониданд. Муайянсозии хатти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон раванди душвор ва мураккаб буда,он аз таърих, тақсимоти замин дар даврони Шӯравӣ ва манфиатҳои миллӣ ибтидо гирифтааст. Солҳои охир, муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ байни ду кишвар барои ҳалли мушкилоти марзӣ шиддат гирифт, ки боиси таҳияи якчанд созишномаҳо гардид.
Шартномаи байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
• Муайянсозӣ ва аломатгузории хатти марз дар асоси харитаҳои таърихӣ ва маводи бойгонии расмӣ;
• Таъмини амнияти марзӣ ва коҳиш додани низоъҳои марбут ба замин;
• Таъсиси комиссияҳои муштарак барои назорати иҷрои шартнома ва ҳалли ихтилофоти эҳтимолӣ;
• Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони ду кишвар дар минтақаҳои наздисарҳадӣ.
Имзои шартнома байни Тоҷикистону Қирғизистон дорои аҳаммияти баланди сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ин санад метавонад ба:
• Мустаҳкамшавии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек;
• Ҳалли мушкилоти замин ва истифодаи захираҳои табиӣ;
• Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар минтақа;
• Кам кардани хатари низоъҳо ва таъмини амнияти устувор дар минтақа мусоидат намояд.
Шартномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ қадами муҳим дар таъмини субот ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, мувофиқа ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд ба ҳалли ниҳоии масъалаҳои марзӣ мусоидат намуда, заминаи ҳамкорӣ ва рушди устувори минтақаро фароҳам оваранд.
Кушода шудани марзҳо ва тасдиқи шартномаи сарҳадӣ шароити навро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон фароҳам меорад. Имкониятҳои асосии мубодилаи тиҷоратӣ инҳо шуда метавонанд:
• Афзоиши содирот ва воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти саноатӣ;
• Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар гардидани логистика барои интиқоли молҳо;
• Афзоиши сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ;
• Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорати хурду миёна, ки метавонад барои соҳибкорони ҳарду кишвар имкониятҳои нав фароҳам оварад.
Таҳлили эмпирикии муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон. Барои арзёбии рушди муносибатҳои дуҷониба, нишондиҳандаҳои оморӣ ва тағйироти стратегӣ дар ҳамкорӣ бояд мавриди таҳлил қарор гиранд. Баъзе омилҳои асосӣ, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро ташаккул медиҳанд:
Савдои хориҷӣ: Ҳаҷми мубодилаи тиҷоратии ду кишвар солҳои охир тағйир ёфта, дар соли 2023 ба 200 миллион доллар расидааст, ки асосан аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ таъмин мегардад.
• Иқтисоди минтақаҳои марзӣ: Минтақаҳои наздисарҳадӣ дар ду кишвар аз робитаҳои тиҷоратӣ вобастагии зиёд доранд. Боз шудани марзҳо ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
• Низоъҳои марзӣ: Солҳои охир, муноқишаҳои марзӣ монеаи асосии ҳамкориҳо буданд. Бо имзои шартномаи нави марзӣ ва таъсиси механизмҳои ҳалли ихтилофот, сатҳи низоъҳо коҳиш ёфтааст.
• Сармоягузорӣ ва инфрасохтор: Бо эътидол ёфтани муносибатҳо, интизор меравад, ки сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва саноат афзоиш ёбад.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, марзҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳаракати шаҳрвандон боз шуданд, ки ин як қадами муҳимми эътимодсозӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Ин иқдом бо истиқболи гарми сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва доираҳои тиҷоратӣ рӯбарӯ гардид, зеро он ба беҳбуди робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии мардум мусоидат мекунад. Боз шудани марзҳо инчунин метавонад дар оянда барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ низ заминаи мусоид фароҳам орад.
Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, н.и.и., дотсент, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ