ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Бинанда: 135 | Санаи нашр: 15 Март 2025

(Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон)

Санаи 15-уми март дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин санаро бо баргузории силсилаи чорабиниҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн мегирад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурўшандагонро ҳангоми фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад:

истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) – ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рўзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;

истеҳсолкунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро ҷиҳати фурўш барои истеъмолкунандагон истеҳсол мекунанд;

– иҷрокунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин соҳибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибқи шартномаи бемузд ё музднок иҷро мекунанд ё хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд;

– фурўшанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро тибқи шартномаи хариду фурўш ба истеъмолкунанда мефурўшанд;

– чеки мол –талони хазинадорӣ бо суроғаи фурўшанда ва сабти маблағ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурўши он мансуб мебошад;

– чеки хазинадорӣ – талони дар мошини назоратии хазина чопшуда бо зикри маблағи гирифташуда, санаи фурўш, номи ташкилоте (соҳибкори инфиродие), ки молро барои фурўш истеҳсол мекунад;

– стандарт – стандарти давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, бинокорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тибқи қонун талаботи ҳатмиро ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар менамояд;

– сифати мол (кор, хизматрасонӣ) - маҷмўи хусусиятҳои моле (коре, хизматрасоние), ки ба талаботи муқарраргардида ва ё эҳтимолии истеъмолкунанда (бехатарӣ, коршоямӣ, хусусиятҳои истифода, боэътимодӣ, камхарҷӣ, талаботи иттилоотии завқӣ ва ғайра) - ро қонеъ гардонидани он нисбат дорад;

– муҳлати кафолат – мўҳлати тақвимӣ (ба ҳисоби моҳ) ё кор (ба ҳисоби соат, давраи хизмат, километри гашт ва ҳоказо), ки дар ин муддат мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) бояд ба тамоми талаботи сифате ҷавобгў бошад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ муайян карда шудааст;

– муҳлати коршоямӣ – даврае, ки баъди гузаштани он мол (натиҷаи кор) барои истифода кардан аз рўи таъиноташ корношоям дониста мешавад;

– муҳлати хизмат – даврае, ки дар ҷараёни он истеҳсолкунанда ўҳдадор мешавад ба истеъмолкунанда имконияти аз рўи таъинот истифода бурдани мол (натиҷаи кор)-ро муҳаё намояд ва бехатарии мол (иҷрои кор)-ро барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва ҳамчунин барои муҳити зист кафолат медиҳад;

– муҳлати нигоҳдорӣ – даврае, ки дар рафти он мол (натиҷаи кор, ё хизматрасонӣ), дар сурати риоя шудани шартҳои муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, хусусиятҳои дар ҳуҷҷати меъёрӣ ва ё дар шартнома зикршуда, ки талаботро нисбати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар кардааст, нигоҳ медорад;

– нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) ё худ моли дорои сифати номатлуб – номувофиқатии мол (кор, хизматрасонӣ) ба стандарт, ба шартҳои шартнома ё худ ба талаботи оддии сифати мол (кор, хизматрасонӣ);

– нуқсони ҷиддии мол (кор, хизматрасонӣ) – нуқсоне, ки истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) – ро мутобиқи таъиноташ номумкин ё нораво мегардонад ё онро бартараф кардан мумкин нест ва ё баъди рафъаш боз зоҳир мешавад, ки барои бартараф кардани он маблағи калон лозим аст ё худ бар асари он истеъмолкунанда ба андозаи зиёдтар аз баҳрае маҳрум мешавад, ки ҳангоми имзои шартнома ба он умед баста буд;

– бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он, инчунин бехатарии ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастагӣ дорад.

Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:

- ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;

- ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он;

- ба дастрасӣ ба иттилоот дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);

- ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);

- ба иваз намудани моли дорои сифати номатлуб

- ба иваз намудан ё баргардондани моли дорои сифати номатлуб; ;

- ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);

- ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;

- ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд;

- ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;

- ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурўшанда).

Ба андешаи муаллиф, барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таъмини рақобаттавонии корхонаҳои савдо такмили низоми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нақши муҳим мебозад.

Вобаста ба ин, ба андешаи муаллиф, ҳаллу фасли масъалаҳои зерин хеле муҳим мебошад:

  • ошкор ва бартараф намудани тамоюлҳои манфӣ дар бозори истеъмолӣ ва савдои чакана;
  • ташкили курсҳои омӯзишӣ дар байни аҳолӣ оид ба ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
  • таҳкими ҳамкории байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;
  • ташкили низоми такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

Дар шароити имрӯза масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои савдо, ташкили низоми ягонаи омодакунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони корхонаҳои савдои чакана ба миён омадааст:

  • Барои тақвияти захираҳои кадрӣ ва нерӯи сармояи инсонӣ дар савдои чакана, бояд чорабиниҳои зерин амалӣ карда шаванд:
  • гузаронидани таҳлили вазъи муосири тақозо ва арза дар соҳаи савдо;
  • ташкили ҷойҳои нави корӣ;
  • ташаккули низоми таълим, омодакунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;
  • ташкили семинарҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддат; ташкили озмунҳои касбӣ ва чорабиниҳо, ки ба тақвияти нақши омили инсонӣ ва баланд бардоштани нуфуз ва самаранокии кори кормандон дар корхонаҳои савдо мусоидат мекунанд;
  • таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ барои роҳбарони субъектҳои соҳибкории хурд дар шабакаи савдои чакана.

Саҳбон Амонов – дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top