Наврӯз биё, ҳар нафасат, бӯйи баҳор аст,
Рухсори ту ойинаи гулрӯйи баҳор аст.
Ҳар лаҳза хумори ту гирад ҷумла ҷаҳонро,
Он қалби ту ошуфтаи дилҷӯи баҳор аст.
Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои мардумӣ ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсози мо ба ҳисоб рафта, аз фарорасии фасли зебои баҳор ва оғози баракати сол мужда медиҳад.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Боиси хушнудист, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва истиқбол аз панҷумин ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд. Маҳз дар заминаи пешниҳоди кишвари мо аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шуд, ки падидаи неку фараҳбахш аст. Зеро дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи Наврӯз Иди байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Яъне, аз ҷониби СММ эълон шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, дар пасманзари Иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони миллати тоҷик, махсусан ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, эҳёгари расму оинҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи замин аст. Он аз замони пеш аз Зардушт маълум буд ва ҳатто то асри 7 пеш аз милод ҷашн гирифта мешуд. Дар давлатҳои Ҳахоманишиҳо (асрҳои 6-4 пеш аз милод) ва Сосониён (асрҳои 3-7 мелодӣ) Наврўз ҷашни асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Қадимтарин сарчашмае, ки дар он ҷашни Наврӯз зикр шудааст, китоби муқаддаси дини зардуштӣ – Авесто мебошад. Тибқи таълимоти Авасто, мардум бояд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар рӯи заминро, ки «дар шаш шакл» (осмон, об, замин, наботот, ҳайвонот ва инсон) ба вуҷуд омадааст, ҷашн гиранд.
Таҷлили Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории шамсӣ марбут аст, ки дар миёни мардуми Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш, хеле пеш аз зуҳури ислом пайдо шудааст. Ба гуфтаи одамон, сари сол дар фасли баҳор 20 ё 21 март, дар рӯзи баробар шудани шабу рӯз, ки шабу рӯз баробар мешавад ва ниҳоят баҳор ба худ меояд, оғоз шуд. Давраи ҳосили нави саҳро, давраи ташвишу умеди дехкон меояд. Ин аст, ки Наврӯз аз соли нави мусулмонон фарқ мекунад, зеро тақвими мусалмонон бар асоси давраи солонаи қамарӣ асос ёфтааст. Азбаски соли шамсӣ 365 (366) рӯз ва соли қамарӣ 354 (355) рӯзро дар бар мегирад, оғози соли қамарӣ ва тамоми санаҳои соли қамарӣ нисбат ба соли шамсӣ тақрибан 11 рӯз пеш мераванд.
Аҳаммияти ин давраи сол барои зиндагии мардум аз замонҳои қадим ба вуҷуд омадани расму оинҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Хеле пеш аз ид, тақрибан ду ҳафта пештар дар болои табақҳо гандум мегузоранд, об мепошанд, то ид нашъунамои сабзи онҳо бояд ба 5-7 сантиметр расида, ороиши дастархон, рамзи таваллуди ҳаёти нав, соли нав гардад. Аммо тайёрй бо ин тамом намешавад. Ба ид наздиктар ғалла боз сабзида, асоси таоми идона мегардад. Дар рӯзи ид либосҳои миллӣ ба бар карда мешавад ва тамоми оила дар сари дастархон ҷамъ мешаванд, ки дар он хӯрокҳои нав гузошта мешаванд. Дастархони наврӯзӣ, низ махсус ороста шуда, онро “ҳафт-син” ва “ҳафт-шин” меноманд.
Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Қурбонова Идимоҳ Нуралиевна, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ