НАВРӮЗ - ТАРҒИБГАРИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Бинанда: 232 | Санаи нашр: 17 Март 2025

Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад. Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки маҳз ҳамин хусусиятҳои Наврӯз дар замири мардуми мо инъикос ёфта, аҳли башар тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз мешиносанду эҳтиром менамоянд. Воқеан, Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии он ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Омад баҳори гулфишон,

Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.

Рӯсурху сарсабз одамон,

Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.

Озурда хушҳолӣ кунад,

Дилро зи ғам холӣ кунад,

Як ҳарф бошад бар забон,

Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.

Шукрона, ки боз ҳам дар диёри биҳиштосои мо Наврӯзи зебоҷамол ва пурҷалол пару бол мезанад. Он Наврӯзе, ки посдори ҷавонии ҷаҳон ва хушрӯзиву хушбахтии мардумон аст.

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил карда мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад.

Арӯси фасл кӯҳҳоро бо қолинҳои махмалии сабзаву сияҳгӯшу лола оро медиҳад. Абри найсонӣ баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад. Чашмаву рӯдҳои софу мусаффо бо беқарорию ҷӯшу хурӯш ҷорӣ мешаванд.

Дар хусуси Наврӯзу табиати зебои ин мавсим олимону шоирон Шамсуддини Димашқӣ, Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон асарҳои зиёде офаридаанд.

«Нухбат-уд-даҳр фи аҷоибил-барр вал-баҳр» («Чакидаҳои замон аз мӯъҷизоти бару баҳр»)-и Шамсуддини Димашқӣ (1258-1327) аз зумраи асарҳоест, ки дар жанри «мӯҷизот» таълиф гаштааст. Яке аз фаслҳои ин китоб ба расму оин, ҷашну маросим ва дину диёнати мардуми эронинажод оид аст. Бамаврид аст, ки дар арафаи ҷашн васфи Наврӯзро аз дидаи ин муаллифи асримиёнагӣ ёдовар шавем.

Аз рӯйи маълумоти Шамсуддини Димашқӣ мардуми эронинажод иду анъанаҳои зиёдеро ҷашн мегирифтанд, ки маъруфтарини онҳо Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ва Баҳманҷа будааст.

Наврӯз, қайд мекунад Димашқӣ, маънои «рӯзи нав»-ро дошта, овардаанд, ки Худованд дар ин рӯз нур, яъне Офтобро офаридааст ва афлокро ба гардиш даровардааст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати махсус дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуданд.

Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кард. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо на танҳо ҷашну ойинҳои бостониамонро эҳё намудем, балки онҳоро ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем.

Соли понздаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.

                       Хулоса, дар Наврӯз ҳама бо орзуҳои нек, хосса халқи фарҳангсолори тоҷик хони наврӯзӣ ороста, онро бо хӯрокҳои миллӣ: ҳафтсину ҳафтшин оро медиҳанд. Наврӯзи бостонӣ ҳамчун арзишмандтарин ҷашни башарӣ имрӯз дар сарзамини мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

 

Баҳодур Дустматов, мудири кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top