Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дарвоқеъ, барои мо тоҷикон боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
Вожаи “Наврӯз” маънои “Рӯзи нав”-ро дорад. Ин иди баҳор, рӯзи якуми соли нав, рӯзи баробарии Баҳор буда, рӯзҳои асосии ид 21 - 22-юми март мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон асосан Наврӯзро аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди Пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ ба он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки давраи салтанати Шоҳ Ҷамшед давраи адлу инсоф ва пайдоиши якчанд ҷашнҳои суннатӣ ва оинҳое, ки аз замони Зардушт боқӣ монда буданд, ба пуррагӣ қайд мешуданд.
Дар “Наврӯзнома” гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номид ва ӯро ба расму оин дохил кард. Дар ин меросими халқӣ бозиҳои гуногуни миллии варзишӣ, ба монанди бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гӯштингирии паҳлавонҳо, тухмзанак, арғамчинбозӣ, бандкашӣ, саққобозӣ ва ғайра аз тарафи сокинон мусобиқаҳо гузаронида мешаванд, ки ин бозиҳо аз ниёгонамон то ба насли имрӯз расидааст.
Қобили қайд аст,ки муҳимтарин маросимҳои ҷашни Наврӯз «Хонатаконӣ», «Оташи чаҳоршанбеи сурӣ» «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», («Ҳафтмим»,) «Сездаҳбадар» мебошанд. Пеш аз омадани Наврӯз мардум хона ва маҳалли зиндагии худро пок ва хушбӯ месохтанд ва дилу ҷони худро аз кинаву хашм ва бадандешӣ пок месохтанд, то арвоҳи гузаштагон аз онҳо хушнуд гарданд ва хайру баракатро ба онҳо пешкаш намоянд. Маросими чаҳоршанбеи сурӣ аз кай оғоз шудааст ва чӣ мафҳуме доштааст? Дар фарҳанги наврӯзӣ чаҳоршанбеи охири сол, ки ба чаҳоршанбеи сурӣ маъруф аст, ҷойгоҳи махсус дорад, гӯйё ин шаб охирин муҳлат барои омодагӣ ба ҷашнҳои наврӯзӣ аст ва ҳама инсонҳо, дар ҳар куҷо, ки ҳастанд, бояд кӯшиш кунанд, дар шабе, ки омади Наврӯз ҳисоб мешавад, сару пойи худро нав кунанд ва бо дуди оташҳое, ки ба ҳаво меравад, ҳар чиро, ки кӯҳна ва вайрон шудааст, аз хона дур партоянд. Ақидае мавҷуд аст, ки дар Эрони бостон ҷашни сурӣ роиҷ будааст, аммо чаҳоршанберо дар аҳди ислом ба он афзудаанд. Чаро маҳз чоршанбе, маълум нест. Ақидае вуҷуд дорад, ки ин ишорат ба чор фасли сол аст. Сурӣ бошад ба маънои оташ аст. Барпоии оташ дар ин рӯз низ навъе гарм кардани ҷаҳон ва зудудани сармо ва пажмурдагӣ аз тан будааст. Дар бисёре аз фарҳангҳои ҷаҳон аз Бобули бостон гирифта то кишварҳои аврупоӣ маросиме монанди афрӯхтани оташ дар поёни фасли бардошти ҳосил доранд. Усулан, афрӯхтани оташ баъд аз анҷоми хирманчинӣ ҷузъи маросими бисёр маъмули ҷавомеи кишоварзон будааст.
Ҳафт Сину Ҳафт Шин дар оростани дастархони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои дигари муҳим ба шумор меравад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд, дар рӯйи дастурхон гузошта мешуданд. Бояд гуфт, ки дар ид ҳамчун қоида ду намуди дастархон оро дода мешавад: ин “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” мебошад. Дар алифбои арабиасоси форсӣ - тоҷикӣ “س” ва “ش” ҳарфҳои “С” ва “Ш” мебошанд. Ҳафт Синро арабҳо дохил карданд аз сабабе, ки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, лекин Ҳафт Шинро аз байн бурда натавонистанд. Ҳафт Син ин ҳафт номгӯйи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – С (س) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд, ки дорои рамзи махсус мебошад:
- Сир – рамзи ҳимоя аз бемориҳо;
- Себ – рамзи тансиҳатии инсон ва ҷомеа;
- Сабза – муваффақият, меҳрубонӣ, шодмонӣ;
- Санчид – рамзи ҳикмат ва даъват ба андешаи нав;
- Сирко – рамзи ризоият ва фурӯтанӣ;
- Суманак – рамзи қувват ва ҳосили хуб;
- Сипанд –рамзи дафъи балоҳо ва ба ҳазор дард даво.
Ба ғайр аз инҳо дар дастархон аксар вақт китоби муқаддаси Қуръон ва Шоҳнома дида мешавад.Чӣ тавре ки гуфтем, ин аз урфу одати мардум иборат аст. Ба ғайр аз Ҳафт Син дар рӯйи дастархони Наврӯзӣ Ҳафт Шин мемонанд. Ҳафт Шин ин он номгӯйи чизҳои рӯйи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо Ш (ش) оғоз меёбанд. Ба инҳо дохил мешаванд, ки дорои рамзи махсус мебошад:
- Шаҳд - ширинии зиндагӣ;
- Шакар- сарбаландӣ;
- Шамъ- гармии рӯзгор;
- Шароб - кайфияти рӯҳи хуш;
- Шир- покӣ;
- Шамшод - зиндагии бардавом;
- Шоя (мева) - фаровонии ризқу рӯзӣ.
Бояд қайд намуд, ки Наврӯз яке аз бузургтарин ва мондагортарин ойинҳои ҷашнҳои тоисломии мардуми олитабори ориёӣ мебошад, ки бо ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Тиргон ва ғайра тавъам аст. Он ҷашну маросимҳо якдигарро комил мегардонанду тақвият мебахшанд. Наврӯз ҷашни муқаддастарин, зеботарин сури миллӣ ва фарогири ҳамагон аст. Метавон пиндошт, ки ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат тағйиру такмили табиати ҷаҳону инсонҳо, кӯшиш барои навшавӣ, навгароӣ, навандешӣ, тағйири тозаи зоҳир ботин, андешидани нақшаҳои навин барои беҳбудии оянда, барои дар ҷаҳони моддӣ нав шудан аст.
Наврӯз бо умедҳо ва орзӯю ормонҳои нек ҳамроҳ буда, инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагиву кор ва эҷод афзун мегардонад.
Махсумзода Нигина Давлат, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ