Яке аз донишмандони бузурги форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар "Осор-ул-бақия" ном асараш доир ба "Наврӯз" ривоятҳои ҷолибу рангинеро дарҷ намудааст. Абӯрайҳони Берунӣ менависад: "Ва чанде аз хашвия (мунаҷим) мегӯяд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун ва пас аз чиҳил рӯз бори дигар ангуштаринашро биёфт ва подшоҳию фармондиҳӣ бар ӯ баргашт ва муғон инро дида, назди ӯ гирд омаданду гуфтанд: "Наврӯз омад", яъне рӯзи тоза (нек) биёмад.
Тибқи ривоят дар замони Сулаймон иблисиён аз кӯҳи Дамованд тахтро бардошта ба Бобул оварданд. Мардум гумон карданд, ки Офтоб (Хуршед) аст ва ҳайрон шуданд, ки дар як рӯз дар осмон ду хуршедро мебинанд. Ин буд, ки пайдоиши Наврӯзро ба замони Сулаймон бинни Довуд вобаста намудаанд.
Инчунин анъанаи ба ҳамдигар об пошидан, ҳадя намудан низ аз замони Сулаймон боқӣ мондааст.
Ба қавли баъзе ровиён дар Наврӯз эрониён ба якдигар обпошӣ намуда, тӯҳфаҳои хуб ҳадя мекунанд ва инро баракати фариштаи об - Ҳарузо медонанд.
Боз ривояте ҳаст, ки дар кишвари Эрон дер гоҳе борон наборидааст. Вақте ки борон борид, мардум аз хушнудӣ ба ҳамдигар обпошӣ намудаанд.
Сабаби обпоширо эрониён дар тозашавӣ (ғусл кардан) тансиҳатӣ (рафъи бемориҳо) мебинанд. Мардуми ориёӣ аз қадим то имрӯз одат доранд, ки хонаҳову ҳавлиҳояшонро дар арафаи ҷашни Наврӯз тоза намуда, дар утоқҳояшон рӯи миз кӯзаи об, гулдон ва зарфи оташро гузошта, аз чӯбҳои хушбӯ нерӯ медиҳанд. Гӯё дар шаби арафа арвоҳи гузаштагон ба хона омада, оташро дида хурсанд мешавад.
Тибқи ривоятҳо дар арафаи иди Наврӯз афрӯхтани оташ гӯё то замони Аббосиён дар тамоми мамолики Баҳрайн маъмул буд.
Нисбати он, ки пайдоиши Иди Наврӯз ба замони Ҷамшедшоҳ чӣ гуна муносибат дорад, Абӯрайҳони Берунӣ нигоштааст: "Баъзе аз уламои Эрон мегӯяд: "Сабаб ин аст, ки чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз буд".
Ба гуфти муаррихи юнонӣ Страбон дар давраҳои хеле қадим ин ид ҷашн гирифта мешуд. ӯ дар бораи ҷашнгирии Наврӯзро дар мулкҳои дар байни ду дарё (Аму ва Сир) ҷойгиршуда нақл кардааст, ки аҳолии ин ҷо ҷамъ гардида, назди Оташкада, ки ҷои муқаддас ҳисоб мешуд, ин идро ҷашн мегирифтанд.
Дар ин рӯз савдогарон дӯконҳояшонро мебастанд, косибону ҳунармандон корашонро бозмедоштанд, ҳама хушнудӣ менамуданд. Якдигарро муборакбод гуфта, бо нӯшокӣ ва хӯрокҳое, ки дар оташ пухта шуда буданд зиёфат медоданд.
Сарчашмаи асосии илмӣ, ки дар бораи ҷашнгирии иди Наврӯз маълумотҳои асосӣ дода метавонад, албатта, ин "Авасто"-и Иброҳими Зардушт мебошад, ки таърихи 7 ҳазорсола дорад. Дар аҳди Нав - Наврӯзро мунаҷимон маълум мекарданд, ҳоло бошад, ситорашиносон аниқу дақиқ мегӯянд.
Ривоятест, ки мувофиқи он пайдоиши ҷашни Наврӯз ба истеҳсоли найшакар ё худ шакар рост меояд. Шоҳ Ҷамшед мебинад, ки аз дохили найшакар обе берун метаровад. Вақте ки маззаи онро чашид, фармон дод, ки аз он қанд тайёр кунанд. Аз ин ҷост, ки дар айёми Наврӯз одамон ба якдигар ширинӣ ҳадя мекунанд.
Овардаанд, ки дар Хуросон дар иди Наврӯз ба сипоҳиён додани либосҳои баҳорӣ ва тобистона расм шуда будааст, ки ба замони ба бурҷи Бара (ҳамал) дохил шудани Офтоб мувофиқ аст.
Ривояте ҳаст, ки Наврӯзи бузург рӯзи шашуми моҳи фарвардин назди эрониён иди бузургест.
Баҳоро, зинда монӣ, зиндагӣ бахш,
Ба фарвардини мо фархундагӣ бахш.
Фарвардин моҳи аввали авестоӣ мебошад. Фарвардин - нерӯ, фаришта ё посбонест, ки аз сӯи Офаридгор Аҳурамаздо фиристода шудааст, аз рӯзе, ки нутфаи одамӣ баста шавад то рӯзе ки аз ҷаҳон даргузарад ҳамвора ин фаришта бо ӯст. Дар ин рӯзи шашум Наврӯзи бузургро рӯзи орзу мешуморанд.
- Худованд дар ин рӯз муштариро офарид;
- Зардушт тавфиқ ёфт бо Худованд муноҷот кунад;
- Кайхусрав ба ҳаво ӯруҷ кард;
- Каюмарс тавлид ёфт; Гуфтаанд: "Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз пеш аз он ки сухан гӯяд, шакар бичашад, дар ҳама сол аз анвои балоҳо солим хоҳад монд".
Дар дигар ҷо омадааст, ки Ҷамшед барои баргардонидани баракату шамол қасди манзили Иблис ва пайравони ӯ намудааст. Ба Иблис ғалаба ёфта, ба мақсадаш расидааст. Мардум аз балоҳо раҳоӣ ёфтанд. Ҷамшед мисли Офтоб толеъ шуд ва нур аз ӯ метофт. Дар ин рӯз чӯбҳои хушк сабз шуданд. Ва мардум хурсандӣ намуда гуфтанд: "Рӯзи Нав". Мардум чун нишони табарукӣ дар таште ҷав коштанд.
Сипас, ин расм дар эрониён пойдор гардид. Рӯзи Наврӯз канори хонаҳо ҳафт хели ғалла дар ҳафт табақ мекориданд. Аз рӯидани ин ғалла хубию бадии зироат ва ҳосили солонаро пешгӯӣ менамуданд.
Нақле овардаанд, ки Ҷамшед шоҳи саховатманд фармон додааст, ки гӯристонҳоро вайрон намоянду дигар гӯристони тоза насозанд. Худовандро аз ин хуш омаду мардуми кишвару ӯро аз пирию беморӣ ҳасаду фано, ғаму мусибат дигар ҳифз намуд. Бо фармони Худованд онҳо бо об, ки фариштаашро Ҳарӯза ном буд, ғусл намуданд, то ки аз гуноҳҳо пок, аз офатҳо дур шаванд. Ҳамин тавр, муддати подшоҳии Ҷамшед ҷонваре намурдааст, то он ки хоҳарзодаи Ҷамшед пайдо шуду ӯро кушт.
Дар замони Ҷамшед ба ҳамаи қоғазҳо ва пӯстҳо, ки номаҳо ҳисоб мешуданд, дар рӯзи нав мӯҳр гузошта шудааст, ки ин рӯзро ба порсӣ аспидонавишт меномиданд. Баъди даргузашти Ҷамшедшоҳ шоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид мекарданд, ки ба шаш бахш тақсим намуда буданд:
- панҷ рӯзи аввал подшоҳон хушнудӣ мекарданд;
- панҷ рӯзи дуюмро ашрофон;
- панҷ рӯзи сеюмро ходимону коркунони подшоҳон;
- панҷ рӯзи чорум надимону дарбориён;
- панҷ рӯзи панҷум барои тӯдаи мардум;
- панҷ рӯзи шашумро барзгарон - кишоварзон мегирифтанд.
Дар даврони Сосониён чунин анъанае будааст, ки шоҳ рӯзи Наврӯз ба тахт нишаста мегӯяд, ки барои он ба тахт омадааст, ки ба одамон некӣ кунад. Рӯзи дуюм барои деҳқонон, рӯзи сеюм - сипоҳиён, рӯзи чорум - аҳли байт ва наздикони шоҳ, рӯзи панҷум - барои хонавода ва ходимони худ, рӯзи шашум шоҳ фориғу осуда гашта барои худ наврӯзӣ мегирифт. Ҳарчи қобили хазина буд, нигоҳ медошт, он чи тӯҳфае мехост ҷудо мекард ва мебахшид.
Дар "Таърихи Балъамӣ" чунин омадааст: "Наврӯз ҷашнест, ки подшоҳи достонӣ Ҷамшед бозхонда шудааст. Нахустин рӯз, ки ба мазолим нишаст, рӯзи Ҳурмузд аз моҳи фарвардин, пас он рӯзро Наврӯз карданд, то акнун суннати Ҷамшед гашт". Ҳатто арабҳо замони салтанаташон садди роҳи ин ҷашн нагаштанд. Бо "суннати Ҷамшед" буданаш ба ҷашни Наврӯз иҷозат дода буданд.
Суғдиён низ моҳҳои худро мутобиқи чор қисмати сол тақсим карда буданд. Аҳли суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре ҳаст дар рӯзҳои маъмул ва рӯзҳои гарон миқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст. Навсард - рӯзи аввал он Наврӯзи суғдиён аст, ки Наврӯзи бузург бошад. Ва рӯзи 28-уми он зардуштиёни Бухороро идест бо номи "Ромиши оғом" оташкадае наздики қарияи Ромиш аст, одамони зиёде ҷамъ мешаванд дар он ид ва ин азизтарин ид барояшон аст.
Дар гузашта ба ғайр аз ҳафтсин (сабза, сирко, сумоқ, санҷид, суманак, себ, сумбула-гул) оташдон(дар ҳамаи оинҳои мазҳабӣ ба кор бурда мешуд) низ миёни хони наврӯзӣ гузошта шуда, дар канори он донаҳои муқаддаси испанд ва чӯбҳои хушбӯйро ҷой медоданд. Бар сари хони наврӯзӣ моҳравӣ ва барсумро чун намоде аз баракати ниёз, аз шохаҳои кӯтоҳи анҷир, бед, зайтун, се, ҳафт, дувоздаҳ ё бисту як бандча ҷой медоданд. Он бандчаҳоро пеш аз хӯрдани ғизо ба даст гирифта, офарин мегуфтанд. Дар аҳди Сосониён чунин бандчаҳоро аз тилло месохтанд, ки бо номи заринтирк машҳуранд. Сиккахои тиллоӣ низ чун муҷиби баракату даромад сари хони наврӯзӣ мегузоштанд.
Пеш аз фаро расидани соли нав, яъне рӯзи нав китоби «Авасто»-ро, ки рӯи хони наврӯзи чун муқаддасот гузошта шудааст, қисмати фарвардини яштии онро мехонданд. Ҳоло бошад, китоби Қуръонро мегузоранд.
Дар хони наврӯзӣ нону кулчаҳоро чун намоди серию пурбаракатӣ ва кӯзаи аз оби осиё пуркардаро рамзи покӣ меҳисобанд. Шамъу шамъдон дар хони идона чун нерӯи рӯшноӣ дониста шудааст, яъне чунин ҷое, ки равшанист Ҳурмузд ҳамон ҷост.
Олим, шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Умари Хайёми Нишопурӣ дар асараш "Наврӯзнома", ки донишномаи дурнамоест, дар бораи ҷашни Наврӯз, расму оинномаҳои маъмули мулки Аҷам ва сарчашмаест барои омӯхтани таърихи пайдоиши ҷашни бостонии "Наврӯз" ва расму оинҳое, ки дар миёни подшоҳони гузаштаи Аҷам маълум ва машҳур буданд.
Каюмарс Гайёмарт ("гайё" - ҳаёт ва "март" - марг) аввалин шоҳи мулки Аҷам буд, хост, ки айёми солу моҳро номгузорӣ намояд ва таърих гузорад, то ки мардум онро бидонад. Он рӯз бомдод офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад ва муъбадони ҷамъомада онро таърих гузоштанд Наврӯз гуфтанд.
Каюмарс ҳар солро ба 12 моҳ, ҳар моҳро ба сӣ (30) рӯз қисмат кард ва ҳар якеро номе ниҳодааст, ки то ҳол дар Эрон расман маъмул мебошанд.
Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтоб ду давр бувад: яке ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе (чаҳор яке) аз шабонарӯз ба аввалин дақиқаи ҳамал боз ояд ва бо ҳамин вақт ва рӯз ки рафта буд ва баъди гузаштани солҳои тулонӣ, абераи Каюмарс - Ҷамшед «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод» наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳони дигар мардумон бад ӯ иқтидо (пайравӣ) карданд.
Умари Хайём нуктаеро таъкид намудааст: "Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузарад".
Пас аз баёни ривоятҳои мухталиф ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки пайдоиши истилоҳи "Наврӯз" - ҳамчун иди махсус ба давраи ҳукмронии Ҷамшедшоҳ рост меояд.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик боварӣ, эътиқодот, расму оин ва ҷашну маросимҳое ҳастанд, ки тӯли садсолаву ҳазорсолаҳо ҳамқадами ниёгони мо буданд, ки дар рӯзгори онҳо нақши бузург доштанд. Чунончи: ҷашни Сада, сайри Гули сурх, ҷашни Лола, Чоршанбеи сурӣ ва монанди инҳо.
Махсусан Чоршанбесурӣ дар байни эронитаборони Қафқоз, Эрон, Хуросон, Осиёи Миёна ва ҳатто то Бағдод машҳур аст.
Дар Ҳисору Қаратоғ, Хатлон, Хуҷанд, Истаравшан, Самарқанду Бухоро ин маросимро "Чоршанбеи охирон" мегуфтанд, ки пеш аз Рӯзи нав ҷашн мегирифтанд.
Дар баъзе ҷойҳо бо номи "аловпарак", "суманакпазӣ", "чоршанбеи сурх", "мушкилкушо", "бахткушо", "гулгардонӣ", "ҳафтсалом", "ҷуфтбаророн" машҳур аст.
Оташ аз замонҳои қадимтарин дар байни қавмҳои ориёӣ мисли об, хок, ҳаво муҳим мебошад ва расму оинҳои зиёде бо корбурди ин аносир мустаъмал мешавад.
Тӯли ҳазорсолаҳо тасаввуроти табиию асотирии марбут ба оташ аз насл ба насл, аз худӣ ба бегона интиқол ёфта, то имрӯз пораи хурдакаки он омада расидааст.
Оташ ҳамчун манбаи гармию равшанӣ, пазандаи ғизоҳои хом, сӯзонандаи ҷурму гуноҳҳо дуркунандаи махлуқоти аҳриманӣ, шиканандаи ҷодуву чашми баду зиёни мардуми бадкеш ва мазҳари меҳру муҳаббат ба шумор мерафт.
"Аловпарак" тариқи зайл гузаронида мешавад:
- занҳое, ки хоби бад мебинанд;
- онҳое, ки саъю матин надоранд рӯзи чоршанбе то нимрӯзӣ дар се ҷо алов мегузоранд ва аз болои он бо навбат ҷаҳида рост ба хона медарояду ба қафо нигоҳ намекунад.
Чоршанбеи охирон бо номи чоршанбесурӣ машҳур аст дар тарафи Эрон ва эронитабор. Доир ба ин маросими ҷашни наврӯзӣ муҳаққиқ Алии Булукбошӣ, Ризо Шаъбонӣ, Меҳрдоди Баҳор ва чанде донишмандони дигар фикрҳои худро иброз намудаанд, ки хеле рангину шавқангез мебошанд. Дар маросими гузаронидани ин русум одамони зиёде ҷамъ мешаванд. Дар ҳафт ҷо ҳезуму хас гузошта оташ афзун мекунанд бо нияти сиҳату хушнуд будан дар ин сол аз оташ меҷаҳанд ба оташ хитоб мекунанд: "ранҷурию ранги зарди ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз они ман".
Духтарон низ дар ин рӯз ба муроди соҳиби бахтшавӣ аз оташ меҷаҳанд ва зане аз пушташон ҷорӯб афшонда мегӯяд: «соҳиби бахту тахт шавӣ Иллоҳо».
Чоршанбеи сурӣ ҳафт шабонарӯз, ҳафт қабат осмон, ҳафт қабати замин, ҳафт ҷо оташ мегузоранд.
Воқеан, дар фарҳанги мардуми мо дар рӯзи чоршанбе маросимҳои зиёдеро иҷро менамоянд, ки бисёрашон то ҳоло пойбарҷост.
Устурашиноси маъруф Меҳрдоди Баҳор дар китобаш «Аз устура то таърих» роҷеъ ба чоршанбеи охирон чунин андешаи ҷолиб баён кардааст: «Ин маросим дар замонҳои қадим ба вуҷуд омада, чаҳоршанбеяш як рамзи ҷадид аст, ки муаррифии чаҳор фасл мебошад, яъне маросими барои истиқболи соли нав чоршанбесурӣ мебошад».
Муҳаққиқи эронӣ Алии Булукпошӣ мегӯяд, ки об низ яке аз аносири муқаддас дар поксозии тани инсон ва хонаву дар дар рӯзи чоршанбесурӣ ба кор мерафт. Дар охири соли кӯҳан ва остонаи Наврӯз одамон ба якдигар обу гулоб мепошиданд ва аз оби тоза бо мурод менӯшиданд, дасту рӯй мешӯстанд.
Баъзеҳо лаби дарёҳо мерафтанд бо оби шаффоф ва пок менигаристанд, кӯзаву ҷомеро аз об пур мекарданд ва барои ба аъзои хонадони худ менӯшониданд аз рӯи он об се бор мепариданд.
Бархе аз ҳафт чашма об меоранду дасту рӯй мешӯянд ба нияти табарук ва сафедбахтӣ.
Дар ин рӯз баъзе модарон бо нияти саломатии фарзандон гесӯи кӯдакони худро мегиранд ва аз хона берун шуда, ба саҳро мераванд. Мӯйҳои буридаро ба об мепартоянд, то ки оби равон дарду ранҷро аз тани кӯдак дур кунад.
Қабл аз Наврӯз мардум тавассути обпошӣ ва оташ ҷаҳидан рӯҳан худро тозаву озода менамуданд.
Суманак рамзи баҳор ва зебдиҳандаи хони наврӯзист. Занону духтарони зиёде дар гирди сурфа ҷамъ меоянд ва шираи гандумро аз сабза ҷудо намуда, дар деги калон ба рӯи оташдон мегузоранд. Нияти нек намуда, дег мекобанд. Занҳои калонсол ба ҳамаи ҳозирин дуои нек медиҳанд. Ашӯлахонӣ меороянду мерақсанд.
Суманак назри баҳорай,
Милаи шабзиндадорай
Духтаро давраш қаторай,
Иди Наврӯзӣ муборак!
Гулгардонӣ аз қадимулайём ба мо омада расидааст. Писарон гули сурх, зарду бойчечак, сунбул, сиёҳгуш аз кӯҳҳо чида дар деҳаҳо гулгардонӣ мекунанд. Ҳама сурудхонон табақ мегардонанд. Занҳо ҳар хел донагӣ медиҳанд ва баъд аз он чизи ҷамъовардашуда хӯрок мепазанд.
Гули сиёҳгуши навгардон,
Табақ пуркуну дастгардон.
Бидеҳ бар дасти гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!
Ҷавонони зиёде дар ин рӯзи нави таърихӣ хонадор мешаванд. Дар тӯйи домодию арӯсияшон аз либосҳои миллӣ, ки боз ҳусни онҳоро бештар мегардонад, истифода мебаранд. Маъракаи хушнудии онҳо хеле зебою пурмазмун ва шавқовар ҷашн гирифта мешавад, ки дар ёдҳо нақш мебандад ва бо номи ҷуфтбаророн маъруф аст.
Ҳама дар анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ