НАВРӮЗ - ҶАШНИ ҚАДИМТАРИНИ РӮИ ОЛАМ

Бинанда: 231 | Санаи нашр: 19 Март 2025

«Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишони ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик, ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст»

                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

Оре, Наврӯзро модари ҷашнҳо, пешонии сол, ҷавҳари садоқат, шиносномаи миллат ва ҷашни аҷдодии тоҷикон меноманд.

Наврӯз барои миллати шарифу сарбаланди тоҷик китоби сарнавишт мебошад. Ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз дар воқеъ таърихи миллати мост. Наврӯз рамзи ҳастӣ ва нишони ваҳдати миллии мост! Наврӯз дидори модару фарзанд, табиату инсон аст. Наврӯз ҷамоли Юсуфи канъонист. Наврӯз лаҳзаи бедории мост. Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди мост. Бале, Наврӯз як таъкиде аз гузаштагон аст, то фаромӯш накунем, ки мо миллати наврӯзӣ ҳастем ва оғозу анҷоми мо наврӯз аст.

Наврӯз яке аз оинҳои қадимтарини мардуми куҳанбунёду ориётабори мост, ки ба шарофати истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон, инчунин иқдоми наҷибу ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии як қатор мамалакатҳо, аз ҷумла Эрону Афғонистон, Қирғизистону Қазоқистон, Озорбойҷону Туркманистон ва Туркия, ки Наврӯз дар онҳо ҷанбаи таърихӣ дорад, мақоми ҷаҳонӣ гирифт. Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон шудани 21 март Қатънома қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ ҷаҳонӣ шуд.

Наврӯз ин айёми баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ, зиндашавии табиат мебошад, ки кас ба фазои беохир пар кушода, бо гулҳову гиёҳҳо сухан мегӯяд, боз аз нав ошиқи ҳаёт мегардад, гӯё аз нав зинда мегардад, мадор ва нерӯи тоза меёбад ва покию сафои ботин ҳосил мекунад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ҷашни таҳаввулоти табиат ва инсон номидаанд. Паёми Наврӯз –паёми таҳаввул ва нав шудан аст.

            Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро,

            Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.

Наврӯз нишонаи меҳру муҳаббати мо инсонҳо ба фасли зебо, арӯси сол - баҳор ва зиндашавии табиатаи диёр аст. Инсони бохираду фозил метавонад кори фоиданокро дар ин айём ба итмом расонад, ки дар ин хусус Ҳофизи Шерозӣ фармуда:

            Шукри онро, ки дигар боз расидӣ баҳор,

            Бехи некӣ бинишону ба раҳи таҳқиқ биҷӯй.

Ҷашни Наврӯз яке аз густурдатарин ва қадимтарин идҳои ниёгон мебошад, ки таърихи ҳафтҳазорсоларо дарбар мегирад. Маънои Наврӯз «Рӯзи нав» мебошад, ки дар аввали соли нави хуршедӣ (моҳи фарвардин) барпо мешавад.

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи Наврӯз чунин маънидод карда шудааст: Наврӯз рӯзи аввали соли шамсӣ, ки бо 21 март барорбар меояд ва иди соли нав аст. Ибораи Наврӯзи Бузург ба маънои номи навои мусиқӣ омадааст, ки дар ин хусус Манучеҳрӣ фармуда:

            «Наврӯзи Бузург»-ам бизан, эй мутриб, имрӯз,

            Зеро ки бувад навбати «Наврӯз» ба наврӯз.

Дар «Таърихи Наршахӣ» чунин омадааст: «Ва чун бозори охирини сол бошад бист рӯз бозор кунанд ва бисту як рӯз наврӯз кунанд ва онро наврӯзи кишоварзон гӯянд».

Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ҷашни бузурги аҷдодиамон –Наврӯзи ҳуҷастапай, ки оғози соли нав, фасли бедории табиат, саршавии кишту кор, пайванди қавии инсон бо замин, муждаи фасли баҳори фархундапай, шурӯи зиндагии нав дар рӯзгори мардум, нишонаи меҳру муҳаббати инсон ба фасли гулбезу мушкбези баҳорӣ, ки ниёгони гузаштаи садоқатманд, дар маром устувору хирадманди мо онро аз қаъри асрҳо то ба имрӯзи хуррам поянда доштанд, чун машъали фурузон ва суннати аҷдодӣ аз насл ба насл расонидаанд, маълумоти зиёде зикр шудааст. Чӣ дар ҳаммосаи миллии ориёниён - «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Табарӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Ат-таҳфим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Зайнал-ул-ахбор»-и Абӯсайиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин вал аздод»-и Кисравӣ ва дигарон шоҳ Ҷамшед бунёдгузори ҷашни Наврӯз дониста шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи худ Ҳаким Фирдавсӣ чунин тасвир намудааст:

              Ба Ҷамшед ар гавҳар афшонданд,

              Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.

              Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,

              Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Ҷамшед бар тахти Каён нишаст ва тамоми бузургони мамалакат дар гирди ӯ давра нишастанд Шоҳ Ҷамшед он рӯзҳо, ки нахустин рӯзи фарвардин ва оғози сол буд «Наврӯз» ном ниҳода, базми Ҷамшедӣ баргузор кард.

Яке аз муҳимтарин ҷиҳати Наврӯз ғалабаи Ҷамшедшоҳ (Йима) ба сармои марговари аҳриманӣ, деви Сармо мебошад. Дар саросари мулку майдон Сармои қаҳратун ҳукм меронад, шамолу барфбод ба сари мардум мерезад. Деви Сармо нурҳои заррини Хуршедро мепӯшонад. Мардум аз он дар тарсу ҳаррос буданд ва ба Ҷамшедшоҳ муроҷиат мекунанд: «Шоҳ Ҷамшед, аз деви Сармо наҷотамон деҳ!» Шоҳ Ҷамшед савори аробаи гардуна (дуаспаи махсус) ба набарди Сармои марговар мебарояд. Ҷамшедшоҳ бо Сувра (асбоб) ба санг оташ баромада, машъал фурӯзон мешавад. Деви Сармо мағлуб гашта, ба қуллаи куҳҳо рафта, ба пиряхҳо  мубаддал  мегардад. Қатра-қатра аз нури Хуршеди тобон об шуда, ҷӯйбори куҳии баҳорӣ ҳувайдо мешавад. Яхҳо обу барфҳо нопадид гашта, сабзаю гулҳо мерӯянд. Мардум аз чанголи марг-деви Сармо, ғаму андуҳ, беморӣ, муҳтоҷию қашшоқӣ озод шуданд ва аз рӯи оташ меҷаҳиданд, то ки гуноҳу беморӣ ва сардии онҳоро оташ сӯхта нобуд созад. Шоҳ Ҷамшеди Таҳмурас ин рӯзи нави ҳаётро Наврӯз ном ниҳод ва бо фармони ӯ ин ҷашни пирӯзӣ таҷлил гардид.

Дар аҳди Ҷамшед мардум ба якдигар дар Наврӯз шириниҳо чун рамзи зиндагии хушу зебо ҳадя мекарданд. Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, растохези гулҳову шукуфаҳо, накуиҳову зебоиҳо миёни ниёгони мо зойиш ёфт ва минбаъд по ба Эрони Бузург ниҳод ва қабилаҳои ғайриориёиро зери нуфузи қудратноки худ қарор дод.

Тантанаи Наврӯзӣ дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Хусрави Парвизу Исмоили Сомонӣ, Борбаду Рӯдакӣ вуҷуд дошт.  Ҳатто ин ойинҳои қабл аз исломии тоҷикон, аз ҷумла «Наврӯз» ва «Меҳргон»-ро дар рӯзгори Бармакиён арабҳо ҳам ҷашн мегирифтанд. Наврӯзро мо ворисон мазмуну муҳтавои нав бахшидем. Дар рӯзи Наврӯз руҳу ҷон, макони зист, либосҳои худро тозаю озодаю пок менамоем. Ба ҳамдигар рӯзгори некро таманно намуда, кинаву адоватро аз дилҳо дур месозем, таронаи ишқ мехонем, хонаи ғамро барбод медиҳему қасри шодию фараҳ бино мекунем.  Дар ин рӯзи фирӯз на танҳо зоҳир, балки ботини худро дигар месозем, яъне пок аз фитнаҳо ва ғаразҳо мекунем.

Дар арафаи иди Наврӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли хурраму сарсабз маросимҳою корҳои омодагии зиёде гузаронида мешавад. Ба монанди корҳои ободонӣ, ниҳолу гулшинонӣ дар ҳама гӯшаю канори мамалакат, ташкили маҳфилу озмунҳои мухталифи ҷисмонию ҳунарҳои мардумӣ, қироати шеъру таронаҳои наврӯзӣ, ободонӣ ва тозагию озодагии кӯчаҳо, маҳалаҳо ва оромгоҳҳо, баргузории иди гулҳо (бойчекак, сияҳгӯш, гули зард), маросими гулгардонӣ, суманакпазӣ, хонабаророн, оштикунонӣ, ҷуфтбаророн, инчунин дар пештоқи муассиса, корхонаю донишгоҳҳо, мактабҳо, дар роҳҳо гузоштани шиору хитобаҳои наврӯзӣ ва ғайра.

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои варзишӣ ташкил медиҳанд, ки паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, мусобиқа бандкашӣ, ҷавгонбозӣ мекунанд, ки дар тамоми шаҳру деҳот чунин мусобиқаҳо барпо мегардад. Чун анъана аз гандум дар Наврӯз хӯрокҳои гандумӣ-зироатӣ мепазанд. Хӯрокҳои гандуми рамзи фаровонии соли нав ва ғизои солимро ифода мекунад. Дар Наврӯз хони наврӯзии «ҳафт син» (сабза, сир, себ, сирко, суманак, санҷид, сипанд) ороста мекунанд, ки яке аз суннатҳои бостонии ниёгон аст. Инчунин хони «ҳафт шин» низ меороянд, ки ҳафт неъмат бо ҳарфи арабии «ш» (шакар,шир, шарбат, шамъ,ширинӣ, шамшод, шаҳд) ба он гузошта мешавад.

Ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамчун як фарди маърифатнок баҳри тақвияти фарҳангу маданият, таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъии миллати куҳанбунёди худ саъю кӯшиш намуда, дастовардҳо ва расму оинҳои аҷдодии худро на танҳо идома диҳем, балки боз ҳам ривоҷу равнақ диҳем.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва қадимии халқиятҳои ориёнажод буда, дар ҳар давру замон бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз дар аҳди Сосониён характери умумимиллӣ касб кард. Бо такя ба манобеи таърихӣ пажӯҳандагони муосир таъкид кардаанд, ки Наврӯз дар ин замон равнақи тоза пайдо кардааст. Дар аҳди Сосониён расму оинҳои наврӯзӣ бо ҷузъиёташ пазируфтаву пос дошта мешуд. Дар баробари ин Сосониён бисёр анъанаҳо аз худ ба ҷой гузоштаанд. Ҳамон гунае, ки Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» мегӯяд: «Гӯянд, касе, ки ду Наврӯзро ба ҳам муттасил намуд, Ҳурмузд писари Шопури паҳлавон аст, ки ӯ ҳам айёмеро, ки миёни ин ду ид буд, ид гирифт ва оташро барои табаррук ба он ба ҷойҳои баланд қарор дод, ки ҷавв (ҳаво) – ро ҳарорати он пазонад ва ашёи касифаро бисӯзонад. Ва мояи фасодоварро ин ҳарорат нобуд намояд. Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад».

Далелҳои собиткунандаву муътамад оид ба ин ҷашн, ки то замони мо расидааст, аз даврони Сосониён аст. Аз «Наврӯзнома»-и Умари Хайём мехонем, ки дар субҳи Наврӯз аввалин касе, ки аз бегонагон бо ҳадяҳои идона ва рамзӣ ба хидмати шоҳ мерасид, мӯбади мӯбадон буд. Ва «чун мӯбади мӯбадон аз офарин бипардохтӣ пас бузургони давлат даромадандӣ ва хидматҳо пеш овардандӣ». Бегумон гуфта метавонем, ки аҳди ин сулола эҳёи фарҳангу анъанаҳои мардуми эронитабор будааст. Дигар ин ки мардумро дар ғояҳои худшиносӣ ва миллатгароӣ парвариш доданд ва бар эшон даст дод, ки халқи худро зери як ливо ҷамъ оваранд. Бузургӣ ва мондагории онон ҳам дар он аст, ки фарҳангу оинҳои эронинажодонро аз марзҳои худ ба хориҷ, ба ҷаҳониён шиносониданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки «намояндагони 23 кишвар (тобеони Эрон ва кишварҳое, ки бо Эрон робита доштанд) ба ҳузури шоҳ мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ ҳадяҳо тақдим мекарданд». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар гузашта ҳам ҷаҳониву фарогири марзҳо будааст.

Имрӯз мо – халқҳои ориёинажод, алалхусус миллати фарҳангофари тоҷик аз он хушнудем, ки ҷашни ин Офариниш дуюмбора мавқеи худро касб кард, мақоми хоса пайдо кард. Моро зарур аст, ки диққати худро ба асли ҷавҳари Наврӯз, моҳияти Наврӯз, хилқати Наврӯз равона созем, то ба мардуми сайёра таваллуд шудани Наврӯзро аз обу хоки сарзамини аҷдодиамон баён ва собит кунем.    

 

Сангова Фирӯза Холмуродовна, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top