Ҷашну ойинҳои бостонии мардуми тоҷик ва эҳёи онҳо аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки аҳаммияту арзиши умумибашарро доро мебошанд. Ба ибораи дигар ин ойинҳо, аз ҷумла ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ миллати тамаддунофари тоҷикро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Наврӯз дар замири мардуми тоҷик инъикос ёфта, аҳли башар тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Муҳаббату самимият дар байни мардум, сулҳу субот миёни қавму миллатҳо ва шодиву нишоти ҳамаи афроди ҷомеа моҳият ва фалсафаи зиндагисози Наврӯз аст, ки тайи ҳазорсолаҳо ба миллати тоҷик ва халқҳои дигар хизмат кардааст.
Қадамҳои Наврӯзи зиндагибахши имсола дар доираи муносибатҳои дӯстона, ки самараи сиёсати хирадмандонаи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҳисоб мераванд, бо муттаҳидкунандагӣ ва ҳамчун василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногуни башар, ки яке аз бузургтарин ҳикматҳои ин ойин аст, дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мазмуну муҳтаво, сатҳу сифат инчунин, ғановату зебоии фарҳанги асили аҷдодӣ хеле рангин буда, барномаи театрикунонидашуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши таомҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои хоси наврӯзӣ бо иштироки аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони се кишвар доир шуд.
Бо итминон метавон қайд намуд, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гузошташуда фатҳу кушоишҳои нав хоҳад овард.
Ҷамила Ғафурова, роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон