ДӮСТИИ ХАЛҚҲО - ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР

Бинанда: 205 | Санаи нашр: 01 Апрел 2025

Аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон

Дӯстии халқҳо — ин консепсияест, ки дар он ҳамкории созанда, фаҳмиши мутақобила ва эҳтироми фарҳангҳои гуногун дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дорад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо муноқишаҳо, кина ва нофаҳмӣ байни миллатҳо пур аст, дӯстии халқҳо ҳамчун роҳе барои расидан ба сулҳ ва рушди устувор арзиш дорад.

Санаи 31.03.2025 рӯзи таърихӣ барои давлатӣ мо ва кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон аст. Дар тӯли 34 соли мустақилияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳеҷ як марҳала давлатҳои ин ҳавза ба ин сатҳ муносибати самимонаву дӯстона надоштанд.

Дар тӯли ин солҳо Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд самимонаву дӯстона ба ҳам омаданд, ҳеҷ гоҳ иттифоқ наафтода буд.

31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар оғози мулоқот Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои ҳамсояро самимона хайрамақдам гуфта, онҳоро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва изҳор доштанд, ки «ин ҷашн давоми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хизмат намудааст».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».

«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», - зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ. Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.

Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро “рӯйдоди бисёр муҳим” арзёбӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд.

Сарвари давлати мо аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бо имзои ин санади таърихӣ “дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи сифатан нави рушд оғоз ёфт”.

Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон хушбинии баланд дорем”.

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя “ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон мусоидат менамояд”.

Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз ва ӯзбек дар асоси эҳтироми фарҳангҳо, забонҳо, анъанаҳо ва арзишҳои гуногун бунёд мешавад. Фаҳмидани фарқиятҳо ва хосиятҳои ҳар як миллат имконият медиҳад, ки бо ҳамдигар бо меҳр ва муҳаббат муносибат кунем.

Дӯстии халқҳои ин се миллат метавонад ба рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидат кунад. Кишварҳо метавонанд дар соҳаҳои гуногун, аз қабили саноат, кишоварзӣ ва технология ҳамкорӣ кунанд, ки ин ба беҳтар шудани зиндагии мардум оварда мерасонад.

Ташкили барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, ки мардумро бо анъанаҳои гуногуни дигар халқҳо шинос мекунад, метавонад дӯстии байни миллатҳоро тақвият бахшад. Фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва барномаҳои фарҳангӣ воситаи хуби муаррифии фарҳанги якдигар мебошанд.

Дӯстии халқҳо метавонад ба коҳиши норозигии сиёсӣ ва низоъҳо кӯмак расонад. Вақте ки миллатҳо якдигарро мефаҳманд ва эҳтиром мекунанд, имконияти беҳтар кардани муносибатҳо ва расидан ба сулҳ зиёд мешавад. Ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳо мусоидат мекунад. Мардум метавонанд аз таҷрибаҳои якдигар омӯзанд, ки ин ба беҳтар шудани шароити зиндагии онҳо оварда мерасонад.

Дӯстии халқҳо на танҳо як идеал аст, балки зарурати замон низ мебошад. Вақте ки миллатҳо бо ҳамдигар дӯстӣ мекунанд, онҳо метавонанд дар роҳи рушди устувор, сулҳ ва амният қадам гузоранд. Ин дӯстӣ бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёт таҳким ёбад, то ки ҷаҳон барои наслҳои оянда беҳтар шавад.

 

Лоиқ Ҳалимов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top