Вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва зуҳури падидаҳои сиёсиву амниятӣ дар қаламрави аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳушдор медиҳад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро дар тамоми самт ба роҳ монда, таҳкими амният ва оромиро дар қаламрави минтақаро ҳифз намоем. Зеро ҳамоҳангиву муттаҳидии минтақавӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ кафили рушди устувор, таҳкими амният ва оромӣ дар минтақа дониста мешавад. Тавсеаи дипломатияи бисёрҷониба дар марҳилаи кунунӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ниҳоят муҳим буда, барои ҳифзи манфиатҳои миллии ҷонибҳо низ заминагузор мебошад.
Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳакориҳо бо давлатҳои минтақа пешсафӣ намуда истодааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии хеш ва фарҳангҳои беназираш дар ҷаҳон мақоми хосаро ишғол менамояд. Сиёсати дарҳои боз дар самти сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор менамояд, ки муносибатҳоро бо давлатҳои минтақа дар асоси принсипҳои байналмилалӣ ва манфиатҳои тарафайн ба роҳ монад. Аз ҷумла, вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон санаи 31 марти соли ҷорӣ бахшида ба тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар омода шуда буд, далели гуфтаҳои боло аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими тантанавӣ меҳмонони олимақом – сарони давлатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон, мардумони ҳар се кишвар, инчунин намояндагони дигар давлатҳои дӯст ва шарикони байналмилалиро, ки ба Хуҷанди бостонӣ ба ин муносибат ташриф овардаанд, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва расму оини устувори Наврӯз ҳарф зада, изҳор доштанд, ки ин ҷашн «ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд».
Сарвари давлати мо инро низ «комилан возеҳ» номиданд, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба истифодаи ҳамаҷонибаи асосҳои башардӯстӣ ва рамзҳои олии ҷашни таърихии Наврӯз ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда равона шудаанд.
Натиҷаи дигари ин вохӯри шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ба имзорасида, ки «санади таърихӣ» номидан мумкин аст бори дигар моро водор менамояд, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ намоем.
Баъди ба имзо расидани ин созишнома Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки «аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт».
Сарвари давлати мо тавофуқоти бадастомадаро азми табиии мардумони се кишвар арзёбӣ намуда, таъкид доштанд: «мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем».
Муҳамадсафои Исматулло, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ