ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Бинанда: 329 | Санаи нашр: 03 Апрел 2025

Кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд. Комилан возеҳ аст, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода барем. Маҳз барои ҳамин ҳам натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

 Дӯстӣ ва бародарии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз таърихи тӯлонӣ ва решаҳои амиқ доранд. Ин се халқи ҳамсоя асрҳо паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, анъана, фарҳанг ва расму оинҳои муштаракро ҳифз намудаанд.

 Дӯстии байни миллатҳо ва кишварҳо омили муҳимми субот ва пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳамкории дӯстона миёни кишварҳо барои беҳтар шудани зиндагии мардум, рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат мекунад.

 Халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо, дар тӯли таърих бо ҳам робитаи қавии фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштанд. Ин дӯстии дерина ба онҳо имкон додааст, ки мушкилотро якҷоя ҳал намоянд ва барои рушди устувори минтақа саҳм гузоранд.

 Муносибатҳои байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, ба сатҳи сифатан нав ва пурмазмун мебароянд.

 Кишварҳои Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ доранд. Мулоқоти Сарони давлатҳо, ки 31.03.2025 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, бешубҳа, барои ҳалли масъалаҳои фаромарзӣ, аз қабили тақсимоти захираҳои об, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва амният ҳамчун майдони муҳим хизмат хоҳад кард.

Тавре ки мо дар хотир дорем, минтақаи Осиёи Марказӣ як қатор мушкилоти тӯлониеро аз сар гузаронидааст, ки бо шароити мураккаби иқтисодӣ ва ихтилофҳо дар муайян кардани марзҳо ба вуҷуд омадаанд. Кӯшишҳои муштарак барои ҳалли онҳо ба кишварҳои мо ҳамаҷониба фоидаи бебаҳо меоранд.

 Вохӯрии муштарак дурнамои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохториро, ки ҳамгироиро метезонанд ва ба рушди тиҷорат мусоидат мекунанд, инчунин ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва логистикаро баррасӣ кард. Минтақаи мо инчунин ҳамчун пули байни фарҳангҳо, арзишҳо ва эътиқодоти динии Осиё ва Аврупо хизмат мекунад. Бо иқтидори пурқудрати табиӣ, иқтисодӣ ва меҳнатӣ он ба системаи иқтисодии ҷаҳонӣ фаъолона ворид мешавад.

Вохўрӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки роҳбарони Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин имзои Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар на танҳо аз ҷиҳати сиёсӣ, балки аз ҷиҳати таърихӣ ва фарҳангӣ низ рӯйдоди муҳим арзёбї мегардад.

Натиҷаи дигари муҳимми вохӯриҳо дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи маҷмааи Дӯстӣ дар минтақаи марзҳои давлатии се кишвар мебошад, ки рамзи нави муносибатҳои мустаҳкамшудаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикии стратегии давлатҳои бародарро ифода менамояд. Ин ёдгорӣ мероси таърихӣ хоҳад буд ва барои рушди дарозмуддати муносибатҳои байни кишварҳои мо хизмат хоҳад кард. Амалҳои сарони давлатҳо оид ба делимитатсияи сарҳадҳои давлатӣ дар таъмини устуворӣ, рушди иқтисодии минтақа ва некӯаҳволии аҳолии кишварҳо аҳаммияти муҳим доранд. Кушодани сарҳадҳо барои татбиқи барномаҳои муштарак ва тавсеаи имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа шароит фароҳам меорад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи мулоқот изҳори итминон намуданд, ки “натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд”.

Ин вохӯрӣ оғози марҳилаи нави ҳамкории боваринок ва ошкоро байни кишварҳои минтақаро нишон дод ва қадами муҳимму устувор дар роҳи рафъи мушкилоти гузашта гардид.

 Мо ин вохӯрии таърихиро ҳамчун марҳилаи муҳим дар роҳи шукуфоӣ ва сулҳ барои халқҳоямон арзёбӣ мекунем ва омодаем дар рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ иштирок намоем. Дар маҷмӯъ, кишвари мо ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати фаъоли хориҷиро дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пеш мебарад ва робитаҳои мутақобилан судмандро бо шарикони хориҷӣ ва кишварҳои ҳамсояи бародарӣ торафт рушд медиҳад. Мулоқот ва гуфтушунидҳои таърихӣ, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бешубҳа як қадами муҳим дар роҳи таъмини сулҳу амнияти минтақавӣ хоҳад буд.

 Ҳамин тавр, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ на танҳо омили муҳимми рушди давлатҳост, балки барои амнияти тамоми минтақа низ аҳаммияти хоса дорад. Ташаббусҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстии байни халқҳо на танҳо ба манфиати давлатҳо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимму арзишманд мебошад.

Кабутзода Қурбоналӣ, н.и.и., дотсент, декани факултети молия ва қарз

Дустматов Баҳодур Муродович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top