ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД

Бинанда: 180 | Санаи нашр: 07 Май 2025

(ба ифтихори 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)

Ҳамасола таҷлил намудани ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои пуршарафи мардони шарафманди тоҷик аст. Рӯзи Ғалаба ҳамчун - иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС аз болои миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) санаи 9-уми май муқаррар гаштааст.

Мо миллати тоҷик ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин заҳматҳои шабонарӯзии ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонем ва ин санаро бо тантана ҷашн мегирем.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои ҳимояи мамлакати ягона мубориза бурда, дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Дар ин ҷанг аз Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш ба 1,5 миллион нафар мерасид, 300 ҳазор нафар иштирок доштанд ва мутаассифона 92 ҳазори он аз майдони ҷанг бар нагашт.

Боиси ифтихор аст, ки фиристодагони Тоҷикистон дар бисёр муҳорибаҳои ин ҷанг иштирок намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 60 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон бо ордену медалҳо, аз ҷумла 65 нафар ба гирифтани унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” ва 21 нафар ба 3 ордени “Шараф” мушарраф гардидаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд намуданд: “Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд”.

Баъди анҷоми ҷанг, 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба – иди расмии ИҶШС эълон гардида, то ҳол ҳамасола дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ ботантана таҷлил мегардад.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти қарнҳову солҳо аҳаммият ва муҳиммияти онҳо боз ҳам бештар мегарданд. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо шуда дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафтанд. Аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ин ҷанги хонумонсӯз иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагии бемисл нишон доданд.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ мебошад.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият яке аз даҳшатноктарин ҷанг ба шумор меравад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати бузурги Иттиҳоди Шӯравиро рабудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби душманон 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар ҳудуди Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Олмон фиристода шуданд.

Дар солҳои бисёр ҳам мудҳишу вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар як сокини ватандӯст мехост, ки камтарин имконияти хешро баҳри дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон карда, бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.

Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532 ҳазору 500 адад либоси гарм, 123 ҳазору 800 килограм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристонданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сум пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сум ҷамъоварӣ намуданд.

Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Россияву Беларус, Украинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд.

Алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагӣ 17 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ҳама куҳансолтарини онҳо ба синни мубораки 112 солагӣ расидааст.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Дар байни онҳо Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қаробоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони номдори тоҷикро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Шоирону нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд.

Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшаҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.

Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ буд, ки маҷмӯи ҳикояҳои ҷангиашро бо номи «Интиқоми тоҷикон» навишта буд. Асарҳои баъдиҷангии Фотеҳ Ниёзӣ: «Одамони ҷовид», романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Шӯриши Восеъ» саршори ақидаҳои ватандӯстӣ буда, имрӯз ва дар оянда ҳам онҳо намунаи ибратомӯзи наслҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хотира муҳиму зарур аст. Насли навраси замони соҳибистиқлоли Ватан бояд аз гузаштагони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғолиб омадаанд, ёд оварда, ифтихор кунанд. Пас аз гузашти 80 сол ҳар як сокини бо нангу ори миллати тоҷик хотираи неки фавтидагони Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, эҳтироми онҳоро ҳамеша пос медорад.

Боиси ифтихор аст, ки рӯзи 9 майи соли 2025 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ҷашну чорабиниҳои гуногун бо иштироки ин қаҳрамонон баргузор мегардад, ки ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки тоҷику тоҷикистониён хотираву номи ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро муқаддас дониста, дар ин рӯзҳо ба хотири руҳи поки шаҳидони абадзиндаи Ватан “Оташи абадӣ” фурӯзон мекунанд.

Ҳоло даврони истиқлол аз мо тақозо менамояд, ки ҳаёту рӯзгори чунин қаҳрамонону диловаронро омӯзем ва ба дигарон омӯзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда дар рӯҳияи ватанхоҳиву фидокорӣ мусоидат менамояд. Торафт густариш пайдо кардани равандҳои глобалӣ ва вусъат ёфтани таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризми байналхалқиву экстремизм ва қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории трансмиллӣ ҳамаи мову шуморо водор месозад, ки ҳушёру зирак бошем ва пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон саъю кӯшиш намоем.

Дар ин раванд ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама мо ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расем ва эҳтироми онҳоро ба ҷо орем.

Барои тарбияи насли навраси Тоҷикистон донистани таърихи ин иди бузург ниҳоят муҳим аст. Аз ин рӯ, дар борабари адабиёте, ки аз таърихи гузаштаҳо ба ҷавонон дарс шудааст, ба ин васила дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст.

Имрӯз ҳама якдилона дар паҳлуи иштирокчиёни ҷанг истода, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори обод таманно дорем. Ба онҳо миннатдорӣ ва арзи сипос намуда, гуфтанием «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд».

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мардонагӣ, шуҷоати Шумо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким мебахшем, намуна ва ифтихор аст. Мо ҳадафи асосии хешро баҳри бунёдкорӣ ва созандагии Тоҷикистони азиз қарор дода, кӯшиш менамоем, ки сазовори фарзандии ин диёру халқ бошем.

Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо баҳри ободии Ватани хеш сарф намоянд.

Абдураҳмон Ҳакимзода, н.и.и., и.в. дотсент, мудири кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top