“Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар низоми энергетикии мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир, аз ҷумла навсозиву барқароркунии иқтидори истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ карда шуданд.
Коршиносони соҳаи энергетика бар ин назар ҳастанд, ки сарфакорона истифода бурдани неруи барқ маънои маҳдуд кардани истифодаи онро надорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки нисбат ба истифодаи дурусти неруи барқ бепарвоӣ зоҳир менамоянд.
Таи соли охир дар кишвар истеҳсоли неруи барқ ба маротиб афзуда, маҳдудият дар истифодаи он бардошта шуд. Ин вазъ боис шуд, ки баъзе аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид роҳ медиҳанд. Чунончи, истифодаи нодурусти асбобҳои гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба буҷети теъдоди зиёди хонаводаҳо таъсири манфии худро расонид.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «сокинон бояд истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар давраи тирамоҳу зимистон хуб дарк намоянд. Агар ҳар шаҳрванд неруи барқро сарфакорона истифода барад, дар обанборҳо ҳаҷми зарурии об захира гардида, шаҳрвандон фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар менамоянд. Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва ояндабинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин солҳост, ки ба рушди соҳаи гидроэнергетика аҳаммияти хоса медиҳанд. Имрўз, пеш аз ҳама, диққати Ҳукумати кишвар ба соҳаи гидроэнергетика бештар зоҳир мегардад. Сохтмони бузургтарин неругоҳи Тоҷикистон – «Роғун» идома дорад ва ду агрегати он ба кор даромад. Кор дар ин сохтмон босуръат давом дорад ва дар сурати пурра ба истифода додани нерўгоҳи «Роғун» талаботи дохилии кишвар комилан қонеъ карда мешавад.
Имрўз шукронаи истиқлолият бояд кард, зеро дар замони истиқлолият зиндагии мардум хеле ҳам беҳтар гардид. Сохтани нерўгоҳҳо боиси пешравии иқтисодиёту амнияти иҷтимоӣ мегардад. Мо худ шоҳидем, ки дар аввали рўзҳои истиқлол зимистонҳо нисфи аҳолии кишвар ба қувваи барқ дастрасӣ надоштанд. Имрўз хушбахтона, ҳама ба қувваи барқ таъмин аст ва моро зарур аст, ки онро сарфакорона истифода намоем, инчунин, миёни мардум дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 10 августи соли 2023 зикр намуданд, ки «Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамоем, балки ба хотири рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан, маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меоварем. Бинобар ин, такроран таъкид менамоям, ки суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун», дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани марҳалаҳои баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ бисёр муҳим ва зарур мебошад».
Бинобар муҳиммияти хоссаи худ дар ҳаёти мамлакат НБО-и «Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди бузургу сарнавиштсози давлатдории навини тоҷикон аст ва дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Бояд қайд кард, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва рӯ ба тараққӣ ниҳодани давлати навбунёди миллӣ инфрасохторҳои энергетикии кишвар рушд ёфта, имкониятҳо фароҳам омад, ки як қатор лоиҳаҳо амалӣ карда шуда, системаи ягонаи энергетикӣ таъсис дода шавад. Имрӯз барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсаду ниятњои неку дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ бунёд карда шудаанд, ки дар рушду нумӯи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кӯмак мерасонад.
Истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ ва сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад.
Дар ин маврид буҷети оила фоида мебарад ва ҳам неруи барқ беҳуда сарф намегардад. Барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, пардохти саривақтии маблағи истифодаи барқ нишонаи маданияти баланди қарзи шаҳрвандист. Дар ин кори масъул ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошем.
Баҳодур Дустматов, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия