Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маротиб баланд гардида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
Давлату ҳукумат кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавононро пешбарӣ намояд ва барои ҷавонон шароит фароҳам оварда истодаанд, ки онҳо дар пешрафти кишвар саҳми босазои худро гузоранд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “... аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.
Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон собит сохт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Кишвари азизи мо Тоҷикистон давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар қариб 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳими ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон, заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳими ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор буда, ҳамчунин мақоми хоссаеро ба ҷавонони мамлакат додааст.
Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур давра ба давра панҷ маротиба “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, се маротиба “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, ду маротиба “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2013-2015, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Ҳамчунин, дар баробари ин “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки ин ҳама зарурати ширкати ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ба миён овард.
Пас аз қабули чунин санадҳо конфронсҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо, инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардиданд, ки дар ҳар яке аз онҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши бисёр муҳим гузоштанд.
Асри ХХ1 асри пешравию илму техника ба ҳисоб меравад, дар ин ҷабҳа танҳо он шахс, ҷомеа ва ё давлате муваффақ аст, ки захираи бойи кадрӣ ва мутахассисони сатҳи воло дорад. Яке аз қишрҳои асосии ҷомеа, ки бештар аз ҳисоби онҳо кадрҳои соҳаҳои мухталиф ба воя мерасанд, ҷавонон мебошанд. Дар ин замина таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон рӯз то рӯз афзуда, ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат таъсис дода шуд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҷавонони ташаббускор ва созанда ҳастанд ва бо дар назардошти ин ҳама ғамхорию аҳамияти ҳамаҷониба аз тарафи ҳукумат ҷавонон низ ҳам дар роҳи илм, ҳам дар роҳи варзиш ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди дохилию беруна саҳми сазовор мегузоранд ва парчаму номи Тоҷикистони азизамонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Имрӯз Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо имкониятҳои хуб фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошанд, дастовардҳои даврони истиқлолро бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда иштирок намуда, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз тамоми хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони пуртаззод эмин нигоҳ доранд.
Холова Ҳавасмоҳ Рамазоновна, муаллими калони кафедраи назария иқтисодӣ