Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тавонист дар рушди иқтисодӣ-иқтимоии кишвар нақши бузург бозад. Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид, ки дар он саҳми ҷавонон низ назаррас аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон тамоми шароитҳои заруриро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ фароҳам овард. Сиёсати ҷавонон, ки яке аз самти муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Раванди сиёсии кишвар собит менамояд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар меҳвари фаъолияти Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Нахустин мулоқоти Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 17 марти соли 1994 баргузор гардид. Инчунин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» далели он аст, ки Сарвари давлат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя намуда, таълиму тарбияи насли наврасу созандаро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ медонад.
Мавриди қайд аст, ки тибқи маълумоти оморӣ беш аз 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ҳануз 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии навбатии худ бо ҷавонони лаёқатманд ин санаро ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон намуданд, ки он ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил гирифта мешавад.
Ҷавонон имрӯзҳо яке аз ниҳодҳои пуриқтидори ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллатро роҳнамои фаъолияти худ намуда, барои пешрафти давлату миллат содиқона хизмат менамоянд.
Эҳсон Давлатов, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ