Миллати тоҷик дар тӯли таърих бо шахсиятҳои бузургаш дар байни дигар миллату халқиятҳо мақому манзалати назаррас дошт ва дорад. Миллати тоҷик хеҷ гоҳ қаҳрамонҳое, ки номи ин миллати куҳанбунёдро аз умқи таърих то ба имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шиносонидаанду минбаъд низ дар саҳифаи таърих бо хатти заррини сабт мегарданд, фаромӯш намекунад. Эҳтиром ва пос доштани заҳмату талошҳои онҳо дар қалби ҳар яки мо ҷойгоҳи махсус дорад. Бузургии ин миллат дар он аст, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз қадим то ба имрӯз нафаронеро тарбият намудааст, ки дар байни дигар миллатҳо бесобиқааст. Мо ин лаҳза ба он гурӯҳе таваҷҷуҳ менамоем, ки дар майдони набард рақибаш роҳи халосию гурезро ҷустуҷӯ менамояд. Ҳар нафари тоҷикро агар аз мардони майдони набардҳо пурсон шавӣ, ҳатман аз забони онҳо номи Шераку Муқаннаъ, Рустаму Суҳроб, Спитамену Деваштич ва Кова барин шахсиятҳо садо медиҳад. Ҳар нафаре, ки номи ин шахсиятҳоро мешунавад дар вуҷудаш эҳсосе падид меояд, ба мисли оне ки худро дар симои онҳо тасаввур менамояд. Ин аст ки ҷавонони имрӯзаи тоҷик маҳз дар ҳамин руҳия, дар руҳияе, ки аз гузаштагони хеш мерос гирифтаанд, тарбият гирифта, ҳамчун давомдиҳандагони қаҳрамониҳои ниёгонашон муаррифии миллати тоҷикро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ идома дода истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи варзиш пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, рушд ва инкишоф ёфта истодааст.
Дар ин росто бо шарофати сулҳу оромии кишвар, устувории ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурии азизамон номбардорони миллат имрӯз дар саҳнаи варзиши ҷаҳонӣ миллати тоҷикро муваффақона муаррифӣ намуда, мақому манзалати давлатро ба маротиб боло мебардоранд. Махсусан, саҳм ва нақши дастпарварони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати ба даст овардани дастовардҳои бузурги варзишии замони истиқлолият беназир арзёбӣ мегардад.
Алалхусус, аввалин қаҳрамони олимпӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дастпарвари донишгоҳ Дилшод Назаров мебошад, ки дар риштаи варзиши гурзпартоӣ дар Олимпиадаи Рио-Де Жанейрои Бразилия (соли 2016) медали тилло ба даст овард. Инчунин, Дилшод Назаров ягона варзишгаре маҳсуб мешавад, ки чандин маротиба Қаҳрамони Осиё гардида, дар чемпионатҳои ҷаҳон медалҳои нуқра ва биринҷиро ба даст овардааст.
Арзишмандтарин дастоварди дигари варзишгарони кишвар ин иштирок дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба Ҷудо аз ҷониби дастпарвари дигари донишгоҳ Эмомалӣ Нуралӣ мебошад, ки дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба ба вуқуъ пайвастааст. Ҳамчунин, Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони ҷаҳон оид ба Ҷудо байни ҷавонон маҳсуб шуда, дар Гран - При ва Гран - Сламҳои сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидааст.
Ҳамчунин, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 260203 - маркетинг Ёсин Бобокалонов дар мусобиқаи Гран - Слами Душанбе, ки соли 2025 баргузор гашт, сазовори медали нуқра гардид.
Боварии комил дорем, ки варзишгарони донишгоҳ минбаъд низ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Қурбонов Абдукарим Раҳимович, муовини якум, муовини ректор оид ба таълими ДДТТ