ВАҲДАТ - САНАДИ СУЛҲНОМАИ МИЛЛАТ

Бинанда: 16 | Санаи нашр: 25 Июн 2025

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

 

Ҳамарӯза мо шоҳиди воқеаҳои мудҳиши фоҷиавӣ мебошем, ки дар гӯшаю канорҳои гуногуни ҷаҳон руй дода истодаанд. Дар натиҷаи васеъ шудани фаъолияти гурӯҳҳои ифротиву террористӣ идомаи мавҷудияти баъзе давлатҳои алоҳида зери хатар меистад. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта амалҳои даҳшатноки террористӣ ба амал меоянд ва хоҳ нохоҳ рӯзҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузаштаи кишварамон пеши назар меоянд.

Овози тирҳо дар кӯчаю паскӯчаҳо шунида мешуд. Дар шаҳру деҳаҳо пас аз соати ҳашт, нафаре ҷуръат намекард аз хонааш берун барояд. Мардум барои пайдо намудани як бурда нон, сарсону саргардон дар қаторҳои дуру дароз меистоданд. Бародар бар бародар душман гашт, хуни бегуноҳон рехт. Натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони мо барои сулҳу осоиштагӣ ҷони худро аз даст доданд, 25 ҳазор зан шавҳарони худро аз даст доданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монд, як миллион нафар шаҳрвандон гуреза шуданд, ҳазорон манзилу иншооти иҷтимоӣ сӯхта, зарари иқтисодӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуд.

Аз ин лиҳоз, ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ бояд расид ва шукр намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон гуфтаанд «Ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста аз миллат, ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди сиёсӣ, бояд дарк намояд, ки рушди минбаъдаи ҷомеа, орзуву ормонҳои онро танҳо дар шароити сулҳи пойдор, истиқлолият, озодӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ кардан мумкин аст».

Ибораи «ваҳдати миллӣ»-и ҷомеа, якпорчагӣ, устуворӣ, ҷудонопазирии миллатро муайян мекунад. Бар асоси ин мафҳуми «ваҳдати миллӣ» афзалият додани манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ғайраро ифода мекунад, зеро ҳеҷ як аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ наметавонад дар алоҳидагӣ, берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта бошад. Аз ин лиҳоз, ваҳдати миллӣ роҳи мавҷудияти миллат аст. Ҳамчунин бояд гуфт, ки ваҳдат иттиҳоди андеша, афкор, ҳадаф ва вазифаҳо, интихоби роҳи зиндагӣ, таҳкими давлатдорӣ, иттиҳод дар баҳрамандагии мардум аз неъматҳои зиндагӣ ва баҳодиҳии заҳматҳои онҳост. Ваҳдат сарчашмаи ҳама дастовардҳо ва беҳбудиҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва ободии ҷомеаи нав ва тақвову худогоҳии равшанфикрони мо маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки таҷрибаи тоҷикон дар сулҳу субот ва таъмини ваҳдати миллӣ на танҳо ба омили наҷоти миллати тоҷик табдил ёфтааст, балки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун дарси ибратбахши таърихӣ ва таҷрибаи нодир дар ҳалли низоъ ва зиддиятҳо эътироф гардидааст. Аҳамияти сулҳу осоиш дар шароити хозира, махсусан дар солҳои охир, ки инсоният ба проблемаҳои ниҳоят мураккаб дучор меояд, меафзояд. Дар амалияи ҷаҳонӣ ҳодисаҳои бо сулҳ анҷом ёфтани ҷанги мусаллаҳона кам нестанд. Дар баъзе кишварҳо ҷангҳои шаҳрвандӣ даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо идома доранд.

Аз ин лиҳоз метавон бо итминони комил гуфт, ки “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” санади таърихии истиқлолияти тоҷикон мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан аҳамияти онро дар сарнавишти миллати тоҷик қайд намуда буданд: "Арзиш ва аҳамияти санади сулҳномаи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти давлат аст. Зеро агар яке аз ин ҳуҷатҳо ба мо истиқлолият овард, дигаре сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар сарзамини азияткашидаи мо таъмин намуд."

Вазифаи муҳимтарини ҳамаи намояндагони аҳли зиё, олимону адибон ва кормандони ВАО, умуман ҷомеа аз он иборат аст, ки насли наврас бояд дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба халқу давлати хеш тарбия карда шавад. Мо бояд сарзамини зебои худро сидқан дӯст дорем, қадри Ватанро дошта бошем ва барои сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллӣ ҳамеша сипосгузор бошем.

Урунова Сарвиноз Азизовна, н.и.и., дотсент, мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top