ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

Бинанда: 23 | Санаи нашр: 26 Июн 2025

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Имрӯз мо фарзандони бонангу баномуси миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон меболем ва ифтихор мекунем. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.

Албатта, имрӯз ба мо хуб маълум аст, ки миллатҳои мутамаддину тамаддунсоз, аз ҷумла давлатҳои мусалмони арабӣ ба васоили ҷангҳои даҳшатнок ва харобиовар ҳамдигарро мекӯбанд, манзилҳои маскунӣ ва шаҳрҳоро вайрон месозанд, одамони бегуноҳро ба таври дастаҷамъӣ ба қатл мерасонанд. Тифлони маъсум ва занону пирамардонро қурбонӣ менамоянд, ҳазор-ҳазор нафарро бе ҳеҷ имконоте овораю саргардон месозанд. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

 

Ашраф Қурбонов, сармутахассиси раёсати таълим  

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top