ВАҲДАТ – ПОЯИ ХУШБАХТӢ ВА РУШДИ МИЛЛАТ!

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 27 Июн 2025

“Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин буд. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст. Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрат ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост.

Пас аз ба даст овардани истиқлолият бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардуми кишвари мо парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Бояд қайд кард, ки тақдир ба сокинони Тоҷикистони азиз сарвареро дод ва ин фарзонафарзанди миллат дар ҳақиқат Пешво ва раҳнамои мардум гардиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуданд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати нав бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва инак 28 сол аст, ки бӯстони Ваҳдати миллӣ фазои Тоҷикистони азизро муаттар менамояд.

Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ризоияту якдилӣ дар таърихи навини давлатдориамон дар баробари Истиқлолияти давлатӣ яке аз беҳтарин дастовардҳои бузург маҳсуб ёфта, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад ва якдигарро комил сохта, роҳи миллатро барои рушду тараққиёт ҳамвор месозанд.

Вобаста ба ин падидаи муҳимми таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд ки “Бо итминони комил ва бо ифтихор изҳор медорам, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин ҳотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем”.

Бояд махсус қайд кард, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ мо тавонистем дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем. Ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатамон барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ на танҳо василаи сулҳу оромӣ, балки пояи асосии рушди устувори давлат маҳсуб мешавад. Танҳо дар шароити ваҳдату ягонагӣ метавон ба ҳадафҳои бузурги миллӣ — пешрафти илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг расид. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар нигаҳдорӣ ва тақвияти ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад. Таърих ва таҷрибаи талхи гузашта моро водор месозад, ки сулҳу суботро қадр кунем ва барои фардои дурахшони Ватани азизамон — Тоҷикистон муттаҳидона кӯшиш намоем.

Зафар Маҳмадуллоев, сардори раёсати таълими ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top