5 – ИЮЛ РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КООПЕРАТСИЯ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 03 Июл 2025

Ҳамасола шанбеи аввали моҳи июл дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналхалқии кооператсия қайд карда мешавад, ки он бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ тасдиқ карда шудааст.

Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии кооператсияи умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақшу мақоми намоён дошта, дорои қонун, оиннома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мебошад.  

Имсол 5-уми июл Иди касбии кооператорон таҷлил гардида, кормандони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ бо дарназардошти банди 64 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 10 аз 25 октябри соли 2021 онро дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Рӯзи байналхалқии кооператсияро ҳамчун рӯзи тарғиби пойдории анъанаҳои кооператсияи матлубот, рушди босамари он, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, роҳнамоӣ баҳри таъмини самаранокии фаъолият, иҷрои нақшаю нишондодҳои буҷети соли 2025 ва омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд.

Ташкилотҳои кооперативии ҷаҳонӣ таърихи қариб 300 сола дошта, аввалин кооперативҳо ҳанӯз ибтидои асри XIX дар мамлакатҳои Россия, Испания, Словакия, Швейтсария, ИМА ва ибтидои асри XX дар мамлакатҳои Осиё ва Африка пайдо шуданд.

Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи беш аз 100 сола дошта, аввалин ташкилоти кооперативӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз соли 1916 таъсис ёфта буд.

14-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он заминаҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии таъсиси кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро гузошт.

Моҳи октябри соли 1924 Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он 5 кооператив ва 14 дӯконро дар бар гирифта, шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод.

Соли 1925 ҷамъияти истеъмолкунандагони Душанбе ва Қаратоғ, соли 1928 ҷамъиятҳои истеъмолгарони Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарму Янгибозор таъсис дода шуданд.

Моҳи октябри соли 1929 бо таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооператорони ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18-уми июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолгарони Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1-уми октябри соли 1929 эълон намуд. Вакилони Анҷумани 1-уми кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 29-уми октябри соли 1929 дар бораи таъсиси Иттифоқи истеъмолгарони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иттифоқи Тоҷикматлубот қарор қабул намуданд.

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ғайридавлатӣ ва ҷамъиятию хоҷагӣ минбаъд дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ нақшу мақоми хосса пайдо кард.

Имрӯзҳо кооператорони тоҷик дар баробари кормандони дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар таъмини рушди босубот ва устувори иқтисоди миллӣ саҳми муносиби худро гузошта, Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ҳамбастагӣ бо ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои соҳа ҷиҳати амалигардонии сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, Шӯро ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, инчунин таъмини рушд ва пойдории соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, татбиқи вазифа ва дастуру супоришҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 28 декабри соли 2024 зикр гардидаанд, бомаром амалӣ намуда истодааст.

Воқеан ҳам, соҳаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.

Чун дар арафаи Рӯзи байналхалқии кооператсия қарор дорем, аҳли кормандон ва собиқадорони соҳаи кооператсияи матлуботро ба муносибати Иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияташон, ки бениҳоят заҳматталаб ва масъулиятнок аст, барору комёбиҳои беназир таманно менамоем.

 

Муҳитдин Ҳамитов, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top