КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 04 Июл 2025

(БА ИФТИХОРИ РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КООПЕРАТСИЯ)

Ҳар сол рӯзи шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналмилалии кооперативҳо мутобиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси Байналхалқии кооперативӣ дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ин ҷашн ба рӯзи 5-уми июл рост меояд. Рӯзи байналмилалии кооперативҳо бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кооперативҳо ва тавсеаи шарикии ҳаракати байналмилалии кооперативӣ ва дигар субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳукуматҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ҳама сатҳҳо гузаронида мешавад.

Тоҷикистон ҳадаф ва вазифаҳои Рӯзи байналмилалии кооперативҳоро дастгирӣ намуда, онҳоро тибқи қонунгузории амалкунандаи миллӣ амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аъзои Алянси байналхалқии кооперативӣ, балки узви Лигаи иттифоқҳои ҷумҳуриявии ташкилотҳои кооперативии кооператсияи матлуботи мамлакатҳои ИДМ мебошад, ки рисолати асосии он инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни иттифоқҳхои матлуботи мамлакатхои аъзои ИДМ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.

Ҳаракати кооперативӣ дар Тоҷикистон аввалҳои асри ХХ оғоз гардидааст. Аввалин ячейкаҳои кооперативӣ соли 1898 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст. Ташкили аввалин ҷамъияти кооперативии истеъмолгарон, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятиву хоҷагӣ ба соли 1916 мутааллиқ буда, аввалин кооператив дар уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд ба фаъолият оғоз намудааст. 

Ҷамъияти истеъмолгарон дар асоси Оиннома таъсис ёфта буд, ки он тамоми асоси кооператсия, аз ҷумла озодона дохил шудан ба узвияти кооператсия, тарзи идоракунии демократӣ ва назоратро дарбар мегирифт, ки то ба ҳол асоси ҳаракати кооперативиро дар тамоми дунё ташкил намудааст. Чунин ҷамъият соли 1919 дар шаҳри Конибодоми округи Хуҷанд таъсис ёфтааст. То соли 1922 миқдори чунин ташкилотҳо ба 29 адад мерасид. Дар баробари ин, таъсиси кооператив дар шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси Икромхон Фозилхонов, такони ҷиддие барои қувват гирифтани ҳаракати кооперативӣ дар ин сарзамин гардид. 

Пас аз Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия пешвои инқилоб В.И.Ленин таъкид намуда буд: «Кооператсия бузургтарин дастоварди маданиест, ки онро бояд эҳтиёт намуда, истифода барем!».

Соли 1921 дар шаҳри Тошканд Бюрои Осиёи Миёнагӣ (Сентросоюз) таъсис дода шуд, ки он ташкилоти кооперативии «Турксоюз»-ро иваз намуд.

Ба хотири таъмини фаъолияти ҳарчи бештари муассир дар аввалҳои соли 1922 фаъолияти кооператсияи матлубот ба сохтори нав мутобиқ кунонида шуд. Дар натиҷа «Иттифоқи истеъмолгарони Хуҷанд» дигаргунсозӣ шуда аз «Турксоюз» як шабакаи савдо бо 16 адад дӯкони фурӯши маҳсулотро қабул намуд.

Моҳи октябри соли 1924 Ҷумҳурии автономии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки пойтахташ шаҳри Душанбе эълон гардид. Маҳз ҳамин сол, соли таърихӣ барои ояндаи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон гардид. Соли 1924 Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Узбекистон бо номи «Узбекбирляшув» ва Маркази ҷумҳуриявии кооператсияи матлуботи Тоҷикистон таъсис ёфта, кооператсияи матлуботи Тоҷикистон 5 кооператив ва 14 дӯконро дар бар гирифта, шумораи аъзоёнаш 1173 нафарро ташкил медод. 

Дар соли 1925 расман ҷамъияти истеъмолкунандагони Душанбе таъсис ёфт, ки ҳамзамон дар баробари ин ҷамъияти истеъмолкунандагони Қаратоғ низ ба қайд гирифта шуд.

Моҳи октябри соли 1928 ҷамъиятҳои истеъмолгарони Ғарм, Ҷилликӯл, Сарой Камар, Обигарму Янгибозор таъсис ёфтанд. Соли 1929 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳаёти кооперативии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омад. Дар ҷаласаи Шурои комисарони халқи РСС Тоҷикистон 18 июли соли 1929 қарори махсус «Оид ба ташкили Иттифоқи ҷамъиятҳои истеъмолгарони Тоҷикистон «Матлуботи тоҷик» қабул карда шуд, ки оғози фаъолияти онро 1 октябри соли 1929 эълон намуд. Вакилон дар Анҷумани 1 – уми кооператсия, 29 октябри соли 1929 дар бораи Иттифоқи истеъмолгарони мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуданд. 

Имрӯз дар Тоҷикистон кооперативҳо вуҷуд надоранд, аммо кооператсияи матлубот фаъолият ва пурсамар инкишоф меёбад, ки ба он 3 иттиҳодияи минтақавии ҷамъиятҳои матлубот (дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ) ва 47 ҷамъияти матлуботи ноҳиявӣ шомиланд. Онҳо фаъолияти худро дар саросари кишвар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири охирини он 5 январи соли 2008 қабул шудааст, ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи «Тоҷикматлубот» муассиси ду муассисаи таълимӣ – Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар он барои кооператсияи матлубот кадрҳои касбӣ тайёр карда мешаванд.

Баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикматлубот ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи иқтисодӣ табдилёфта, барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дараҷаи зисту зиндагии аҳолӣ саҳми беназир гузошта истодааст. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолии деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст.”.

Ба шарофати сиёсати мақсадноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кооператсияи матлубот дар кишвар бомуваффақият инкишоф меёбад: корхонаҳои нави саноатӣ ва тиҷоратӣ, базаҳои тиҷоратӣ ба вуҷуд меоянд, бозорҳои нав кушода мешаванд, ки ин ба боз ҳам беҳтар гардидани дараҷаи иҷтимоии зиндагонии аҳолӣ боис мегардад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 63 бозор мавҷуд аст, ки ба Тоҷикматлубот тааллуқ доранд. Аз ин шумора 37 бозор ҳар рӯз, 20 бозор дар як ҳафта ва 16 бозор барои фурӯши чорвои калони шохдор ва чорвои майда фаъолият мекунанд, ки ҷойҳои нишаст дар онҳо каме бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад. Имрӯз дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрванди кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар анборҳои ҷамъият 1625 тонна пиёз, 680 тонна картошка, 100 тонна сабзӣ, 300 тонна мева ва 180 тонна ангишт захира карда шудааст. Ҳамасола бо ташаббуси Тоҷикматлубот ва дигар идороти давлатӣ, даҳҳо тона маҳсулоти ғизоӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода мешавад, ки нархи он то 30-50 дарсад арзонтар аз арзиши бозор ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар Тоҷикистон кооператсияи матлубот қисми зиёди потенсиали иктисодии ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва системаи асосие мебошад, ки ба аҳолӣ хизмати савдо мерасонад. Дар баробари ин, он дорои самти иҷтимоӣ мебошад. Далели ин он аст, ки имсол барои қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва озуқаворӣ Тоҷикматлубот мошинҳои боркашро харидорӣ намуд, ки дар шаҳрак (микрорайон)-ҳои пойтахти кишвар ва дигар шаҳру деҳот барои бо нархи арзонтар дар  бозор фурӯхтани маҳсулот истифода мешаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки кооперативҳо рейтинги баланди қарзиро нигоҳ медоранд, даромад ва муомилотро зиёд намуда қобилияти сафарбар намудани қувваҳои барқароркуниро баъди офати табии, аз қабили заминҷунбӣ ва обхезӣ нишон медиҳанд. Дар давраи глобализатсия, номуайянии ҷаҳонӣ, ноустувории иқтисодӣ кооперативҳо қобили ҳаёт будани худро исбот мекунанд.

 

Комрон Раҷабов, номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top