ГАНҶИ БЕБАҲОСТ ИСТИҚЛОЛ

Бинанда: 85 | Санаи нашр: 03 Сентябр 2025

Истиқлолият барои мардуми тоҷик арзиши муқаддас маҳсуб гардида, имрӯз хурду бузурги мамлакат барои ҳифз ва тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Маҳз сиёсати оқилона, кӯшишу ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравию азму талоши мардуми сарбаланди кишвар аст, ки дар зарфи сию чор соли истиқлолият дар доираи татбиќи ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаем. Ин ҳадафҳои рисолатпеша заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва шарти муҳимтарини бењгардии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол аз имтиҳони сахти њаётї, ки пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд, сарбаландона гузашта, бо шукргузорї аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат онро ободу пешрафта ва соњибмаќом гардониданд.

Бо дарназардошти ин, мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, амнияти давлат, волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи халқамонро бо ҳушёриву зиракӣ ва заҳмати содиқона боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Мо, ворисони Шераку Спитамен, Муқаннаву Темурмалик, Абумуслиму Восеъ, Исмоили Сомониву Низомулмулк, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Закариёи Розиву Сино, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва садҳо қаҳрамонони миллат ҳамчун ворисони арзанда аз рӯҳи шикастнопазири аҷдодонамон неруву тавонмандӣ гирифта, тавонистем баъди ҳазорон сол тоҷи соҳибдавлатиро бар сар ниҳем ва боиси ифтихори фарзандони имрӯз ва гузаштагони соҳибмаърифатамон гардем.

Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид».

Мардуми шарафманди тоҷик 34 сол боз озоду сарбаланд, боғуруру бовиқор зери навои ҷонбахши соҳибистиқлолӣ, ки пуропури насими нишоту шодкомиҳову беғамиҳо мебошад, баҳри амалисозии сиёсати инсонмеҳвари Пешвои муаззами миллат гомҳои устувори созандагӣ мезанад. Дар расидан ба ин рӯзҳои пурнишот мо, аҳли Тоҷикистони озод, танҳо аз як нафар - Президенти маҳбубамон бояд миннатдор бошем ва бо доштани чунин Пешвои муаззам бояд аз умқи фитрати азалӣ ва аз сидқи қалбамон ифтихор намоем.

Ҳаёти ҳаррӯзаи башарият, хоҳ пурнишоту хоҳ пурғам, дар ёдҳо чун нақше дар санг абадӣ боқӣ мемонад ва аз хотираи таърих ҳеҷ гоҳ зудуда нагашта, барои ибрати ояндагон ҳамчун маҳаки муқоисаву баҳодиҳӣ истифода хоҳад гашт.

Сад шукри Офаридгор, ки ба ин миллат нигоҳи дилсӯзона ва ҳаёти бардавомро раво дида, ба арсаи роҳбарии мардум чеҳраи наву нуронӣ ва дорои заковати олӣ ва қобилияту ҷасорати азалиро пазируфт. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маснади Раиси Шуро ва Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми нави давлатдорӣ, суботи сартосарӣ, ташаккули шохаҳои ҳокимият, осоиштагии мардум, бозгашти гурезаҳо, созандагиву дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо асос гузошт.

Доштани ватани ободу зебо, ҷилои сулҳу субот дар кишвар неъматест, ки наметавон онро ба чизе андоза ва монанд кард. Хушбахтӣ ва ифтихори бузурги ҳар инсон аст, ки дар оғӯши Ватани босубот, зери осмони беғубор зиндагӣ ба сар бурда, ба қадри он бирасад. Ба даст овардани истиқлолият худ неъмати гаронарзиш асту нигоҳдошту ҳифзи он ба дӯши ҳар як нафари ватандӯст масъулияти ҷиддиро вогузор менамояд.

Итминонам комил аст, ки мо боз ҳам роҳҳои рушду такомули тоза ба тозаро эҷод ва кишварамонро бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат боз ҳам ободу зебо хоҳем кард.

Фирӯза Шарифӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top