ИСТИҚЛОЛИЯТ - ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВ ДАР САРНАВИШТИ ТОҶИКОН

Бинанда: 79 | Санаи нашр: 04 Сентябр 2025

Истиқлолият чун офтоби дурахшон бар сари ҳар миллат нур, гармӣ, равшанӣ меафканад ва роҳи рушду тараққиётро равшан месозад. Истиқлолият на танҳо озодӣ аз вобастагии сиёсӣ буда, балки рамзи ифтихор, худшиносӣ, худогоҳӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи ҳазорсола, фарҳанги ғанӣ ва забони ноби тоҷикӣ, дар тӯли асрҳо муборизаи бисёр бурда, то асолати худро ҳифз намояд.

Маҳз таърихи навини халқи тоҷик бо рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 пайванд аст, ки рӯзи соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин рӯйдоди таърихӣ пас аз солҳои тӯлонии будубош дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваст ва роҳи навро барои ташаккули давлатдории миллӣ оғоз намуд.

Эълони намудани истиқлолият на танҳо тағйироти сиёсӣ, балки бедории миллӣ ва эҳёи шуури ватандӯстиро ба бор овард. Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаб, вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ кишвари тозаистиқлолро фаро гирифт, роҳбарияти давлат бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳи сулҳу суботро пеш гирифт. Маҳз ҷонфидоии мардуми тоҷик ва иродаи қавии роҳбарият буд, ки кишвар аз вартаи нестӣ ба масири ободӣ қадам гузошт. Истиқлолият имконият дод, ки миллати тоҷик худ кишварро созанд, забони модариро ҳамчун забони давлатӣ рушд диҳад, фарҳанги миллиро эҳё намояд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор пайдо кунад.

Дар 34 соли соҳибистиқлолии худ Тоҷикистон кишвари сулҳпарвар, пешрав ва ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалӣ эътироф шудааст. Ба шарофати истиқлолият, садҳо мактабу донишгоҳ, шифохонаву марказҳои фарҳангӣ, роҳҳову нақбҳо ва иншооти азими стратегӣ бунёд гардиданд. Сиёсати давлат ба самти рушди инсон, маърифатпарварӣ, рушди иқтисод, худкифоӣ ва рушди технологияҳо равона шудааст.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ҳифзи истиқлолият на танҳо вазифаи давлат, балки рисолати ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад. Ҷавонони ватандӯсту хирадманд бояд донанд, ки истиқлолият неъмати осон ба дастомада нест. Дар натиҷаи мубориза, талош ва заҳматҳои бешумори гузаштагон ба даст омадааст. Мо бояд шукронаи ин неъматро кунем. Омӯхтани илм, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, мубориза бо ҷаҳолат ва хидмат ба Ватан - ин ҳама посдории ҳақиқии истиқлолият ба шумор меравад. Истиқлолият танҳо озодӣ нест - ин масъулият, ифтихор, имконият ва зиндагии нав аст. Дар партави истиқлол миллат рушд мекунад, эҳё мешавад ва ба қуллаҳои баланди худшиносиву худогоҳӣ мерасад.

 

Назруллозода Майсара Назрулло, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top