ИСТИҚЛОЛИЯТ - РАМЗИ НАНГУ НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

Бинанда: 50 | Санаи нашр: 05 Сентябр 2025

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Заминаи ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз 24-уми августи соли 1990 буд, ки дар ҷаласаи дуюми Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардид. Эъломия аввалин ҳуҷҷати тақдирсоз ва тасдиқкунандаи соҳибихтиёрии Тоҷикистон буда, бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми тоҷик кушода шуд.

Истиқлолият неъмати бебаҳо, гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат, рамзи нангу номуси ватандорӣ ба ҳисоб рафта, яке аз омилҳои асосии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии он тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ гузорад, ҳамчунин ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъолияти Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми ҷаҳон мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро касб намудааст.

Дар таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Аз рӯзи роҳбари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Ҳамзамон, яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис дода шуда, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар оромӣ ва суботи сиёсиро таъмин намуда, тоҷикони дунёро зери парчами сулҳу дустӣ муттаҳид намуд.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.

Истиқлолият барои ҳар яки мо рамзи нангу номуси ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуда, ҳамчунин барои рушди Тоҷикистони маҳбуб заминагузор мебошад.

Амонатзода Маҳбуба Ато, н.и.г., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top