ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ИФТИХОР ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ

Бинанда: 42 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2025

Таърих ҳамеша ба инсоният собит сохтааст, ки тақдири давлату миллатҳоро шахсиятҳои бузург дар рӯзҳои ҳассос муайян месозанд. Он замонҳое, ки кишварҳо ба буҳрон дучор мешаванд, роҳбарони хирадманду дилсӯз ба арсаи сиёсат ворид мегарданд ва роҳи наҷотро нишон медиҳанд.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ (1991) Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, вале мушкилоти зиёд – сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – рӯи кишвар соя афканд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) давлатро то ҳадди фурӯпошӣ бурда, ҳаёти мардумро талху сангин сохт. Дар чунин шароит роҳбари ҷавону қавииродае ба майдон омад, ки бо ақлу хирад ва иродаи сиёсии қавӣ тавонист Тоҷикистони навбунёдро ба сӯи сулҳу субот раҳнамоӣ кунад. Ин шахсият Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззам, Тоҷикистон роҳи рушд ва ободиро пеш гирифт. Яке аз ормонҳои бузург – истиқлолияти энергетикӣ – бо бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун амалӣ мегардад. Имрӯз сохтмони ин кохи нур на танҳо лоиҳаи иқтисодӣ, балки рамзи ваҳдат, нангу номус ва ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад. Ифтитоҳи агрегатҳои аввалини он (2018, 2019) баёнгари қадамҳои устувори кишвар ба сӯи худкифоӣ ва пешрафт аст.

Дар баробари Роғун, даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ба истифода дода шудаанд, ки ҳаёти мардум, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, ба куллӣ тағйир ёфт. Қувваи барқ барои гармӣ, рӯшноӣ, истеҳсолот ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандон нақши муҳим бозида истодааст.

Истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо озодии сиёсӣ, балки имконияти рушду пешрафти иқтисодӣ, боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз дар фазои истиқлол дастовардҳои бузург – аз барқарорсозии давлатдорӣ то рушди соҳаҳои саноат, маориф ва фарҳанг – имконпазир гардиданд.

Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки роҳи тоҷикон якест – созандагӣ ва ватандорӣ. Имрӯз дунё эътироф мекунад, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандона ба сӯи нуру саодат қадам мегузорад.

Ҳамин тавр, Истиқлолият – рамзи ифтихор, пойдевори ваҳдат ва кафили зиндагии шоистаи миллати тоҷик аст.

 

Холаҳмади Сайалӣ, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top