ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШАККУЛЁБИИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 24 | Санаи нашр: 06 Сентябр 2025

Истиқлолият яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, бо дигар падидаҳои ҷамъиятӣ алоқаи зич дорад. Фаҳмиши муосири истиқлолият яку якбора ба миён наомадааст. Ин масъала мавриди таҳқиқу омӯзиши мутафаккирони бузурги гузашта ва имрӯза қарор гирифтааст.

         Фаҳмиши нисбатан пурраи истиқлолият баъд аз гузариш ба давраи нав, ташкил шудани давлатҳои миллӣ дар Аврупо ба миён омад. Дар давраи мазкур принсипи миллият инкишоф ёфт, ки тибқи он ҳар як халқу миллат бояд давлати миллии худро дошта бошанд.

         Дар баъзе сарчашмаҳо мафҳуми истиқлолият ва соҳибихтиёриро ҳаммаъно меҳисобанд. Ҳарчанд ки ин ду мафҳум аз ҷиҳати мазмун ба ҳам наздик бошанд ҳам, аммо ба фикри мо доираи маънои онҳо гуногунанд. Истилоҳи соҳибихтиёрӣ нисбатан мазмуни васеътар дошта, ягонагӣ, волоияти марзӣ ва истиқлолиятро дар бар мегирад. Мафҳуми соҳибихтиёрӣ бо пурраҳокимиятӣ ҳаммаъно буда, дар муносибатҳои дохиливу хориҷӣ ифода меёбад. Заминаи соҳибихтиёрӣ асосан, истиқлолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Истиқлолият ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатиро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ифода мекунад.

Бояд гуфт, ки проблемаи истиқлолият ба давраҳои таърихӣ алоқаманд аст. Ин масъала ҳамеша дар мадди назари мутафаккирон ва сиёсатмадорони замонҳои гуногун буд.  

         Воқеан, агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, мушоҳида менамоем, ки дар асрҳои миёна, ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён, Қарохониён, Ғазнавиён, Салчуқиён ва дигар сулолаҳо масъалаи истиқлолияти давлатӣ вуҷуд дошт, аммо аз сабаби дар сатҳи паст қарор доштани муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ба дараҷаи замони ҳозира актуалӣ набуд. Аз ин рӯ, хусусияти актуалӣ пайдо кардани ин масъала то дараҷае ба рушди ҳуқуқи байналмилалӣ вобаста аст.

         Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба баъзе миллату халқиятҳои хурду бузург муяссар нагардидааст, ки давлати соҳибистиқлоли хешро дошта бошанд. Халқи тоҷик бошад дар асоси принсипи миллият тавонист, ки баъди садсолаҳо аз нав давлати соҳибистиқлоли худро бо номи Тоҷикистон бунёд намояд.  

         Соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии автономӣ (худмухтор) дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, ки ба ИҶШС шомил буд, ташкил гардид. Он вақт оид ба соҳибихтиёрии Тоҷикистон умуман сухан намерафт. Соли 1929 масъалаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият аз сабаби ҳамчун ҷумҳурӣ ташкил шудани Тоҷикистон ба миён омад. Дар ин бора Менглиев Ш.М. дуруст қайд менамояд, ки Тоҷикистон 5 декабри соли 1929 ҷумҳурии иттифоқӣ эътироф шуд ва расман соҳибихтиёр гардид. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба монанди дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ статуси субъекти ҳуқуқи байналмилалиро соҳиб гардид. Гуфтан лозим аст, ки чунин соҳибихтиёриро сохибихтиёрии комил ва пурра шуморидан нораво буд, зеро тамоми давлатҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Шартнома «Дар бораи таъсиси Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ» аз 30 декабри соли 1922 як қатор ваколатҳои худро ба Иттиҳод (ҳамчун як симо) дода буданд. Аз ҷумла, намояндагӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, бастани созишномаҳо оиди қарзи давлатӣ, ратификатсияи (эътирофнамоии) шартномаҳои байналмилалӣ, муқаррар намудани низоми савдои дохилӣ ва берунӣ, бастани шартномаҳои консессионӣ, истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ғайра.

         Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ таъсис ёфта бошад ҳам, аммо истиқлолияти он маҳдуд буд. Албатта, вазъи ҳуқуқии Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун мустамлика набуда, мутобиқи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон дар мавриди дилхоҳ метавонист аз Иттиҳод барояд.   

ИҶШС новобаста аз муваффақиятҳои калон дар соҳаи сиёсату, рушди иқтисодиёт ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шуд. Бозсозии низоми давлатӣ (солҳои 1986-1990) натавонист ин иллати ҷомеаи шӯравиро аз байн барад. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС тамоми ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда соҳибистиқлол гардиданд. Дар қатори онҳо Тоҷикистон низ истиқлолиятро соҳиб гардид.

Асоси ҳуқуқии ташкили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро «Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990 ташкил медиҳад. Дар санади мазкур мақсади асосии Тоҷикистон баён шудааст, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

         Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва мустақилият дар муносибатҳои дохилию беруна ифода меёбад. Эъломия муқаррар намуд, ки акнун Тоҷикистон мустақилона ном, роҳи инкишоф, сохтори низоми сиёсию иқтисодии худро муайян мекунад, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро мустақилона ҳал мекунад, рамзҳои давлатии худро тасдиқ ва санадҳои лозимиро қабул мекунад.

Дар қисми 3 Эъломия аввалин маротиба оид ба принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ сухан меравад, ки тибқи он ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тақсим карда мешавад.

         Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Изҳорот «Дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон»-ро қабул кард. Тибқи ин санад Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва халқи он бошад сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991) субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ гардид.

         Бояд зикр намоем, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ хусусиятҳои зерин дорад:

  1. Эътироф ва эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрии давлатҳо. Асоси ҳуқуқи байналмилалии муосирро эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрии субъектони он ташкил медиҳад. Маъмултарини чунин меъёрҳо принсипҳои баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо, истифода набурдани қувва ва таҳдиди истифодаи он дар муносибатҳои байналмилалӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ба таври осоишта ҳал намудани баҳсҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
  2. Мустақилона ҳал намудани масъалаҳои дохилидавлатӣ. Ҳар як давлат мустақилона ва новобаста аз давлати дигар сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии худ, тартиботи ҳуқуқии ба сатҳи инкишоф ва талаботу манфиати омма ҷавобгӯро муайян мекунад.
  3. Ҳуқуқи байналмилалӣ муносибатҳои ҷамъиятии дохилидавлатиро танзим намекунад, зеро предмети онро танзими муносибатҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Чунин муқаррарот таҷассуми худро дар принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо ёфтааст.
  4. Волоияти марзӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии сарвари давлат, ҳокимияти қонунгузору иҷроия ва санадҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат амал намуда, қувваи олии ҳуқуқӣ доранд. Амалишавии қонунгузории Тоҷикистон ба қаламрави кишвар маҳдуд нашуда, баъзан меъёрҳои он хислати экстратерриториалиро (бурун аз марзӣ) доранд, яъне, меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон метавонад, ки нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии берун аз кишвар ба миён омада татбиқ шаванд. Масалан, агар инсон мақоми ҳуқуқӣ, маҷмӯи ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст орад, пас дар ҳолати гузариш аз низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар низоми ҳуқуқӣ шахс ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволии худро гум намекунад.
  5. Мустақилияти давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ самтҳои сиёсати берунии худро мустақилона муайян мекунад.

Қабул шудани Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон», Изҳорот «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти Тоҷикистон» зарурияти қабул гаштани Конститутсияи навро дар кишвар ба миён овард, аммо дар Тоҷикистон гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ рафти инкишофи истиқлолиятро халалдор месохтанд. Аз ин рӯ, бо сабаби сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон солҳои 1991, 1992 ва 1993 қабули Конститутсия амалӣ нагардид, ҳарчанд дар ин солҳо лоиҳаҳои гуногуни Конститутсия пешниҳод гардида буданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ба Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон» асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд. Бояд зикр намуд, ки аксари меъёрҳои Конститутсия баҳри рушди истиқлолияти давлатӣ равона гардидаанд. Баъзе меъёрҳои он аз қабили моддаҳои 1-4, 6-9, 11-13, 15, 46, 55, 69, 100 бошад ба масъалаи истиқлолият дахл доранд,

Самтҳои асосии ба амал баровардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим буда, инҳоро ташкил медиҳанд:

- ҳифзи низоми иқтисодӣ;

- таъмини тамомияти арзӣ;

- таъмини фаъолияти мӯътадили низоми андоз ва молия дар мамлакат;

- таъмини фаъолияти мӯътадили дастгоҳи иҷроия.

Нишонаҳои истиқлолиятро имрӯз дар Тоҷикистон мушоҳида намудан мумкин аст, ки инҳоянд:

  1. Пурраҳокимиятии халқ. Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ буда, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Халқ ҳокимиятро бевосита (иштирок дар райъпурсиҳо, таъин шудан ба мансабҳои давлатӣ) ё ба воситаи намояндагони боэътимоди худ (масалан, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) амалӣ мегардонад.
  2. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ. Ҳар як кишвари соҳибистиқлол забони давлатии худро дорад. Чунин мақоми забони тоҷикӣ истифодаи дигар забонҳоро дар мамлакат маҳдуд намегардонад, зеро шаҳрвандони хориҷӣ ва халқу миллатҳои uайритоҷик метавонанд дар қаламрави мамлакат аз забони модарии худ озодона истифода намоянд. Тоҷикистон барои муошират дар муносибатҳои байналмилалӣ забони русиро интихоб намудааст.
  3. Моликияти истисноии давлат. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлат ба шумор меравад ва истифодаи самараноки он ба манфиати халқ кафолат дода мешавад. Ҳеҷ як давлат ё созмони байналмилалӣ ҳуқуқ надорад, ки баҳри истифодаи самараноки боигарии табиии Тоҷикистон монеа бошад.
  4. Рамзҳои давлатӣ. Тибқи моддаи 3 Конститутсия рамзҳои давлатиро Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ташкил медиҳанд, ки анъанаҳои миллии ниёгони моро инъикос мекунанд.
  5. Муайян намудани самтҳои асосии дохилию хориҷии кишвар. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (моддаи 69 Конститутсия).
  6. Дохил шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аъзо аст. Дар муносибатҳои байналмилалӣ тибқи принсипи байналмилалӣ-ҳуқуқии баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо баромад мекунад. Ба даст овардани истиқлолият, шомил шудан ба СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон имконият дод, то сиёсати берунаи мустақили худро ба амал барорад, самтҳои фаъолияти худро дар муносибатҳои байналмилалӣ муайян намояд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ худро давлати соҳибихтиёр эълон намудааст, ки соҳибихтиёрии он аз тарафи давлатҳои ҷаҳон эътироф гардидааст. Аввалин давлате, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр эътироф намуда буд, Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад (моддаи 64). Пеш аз шурӯъ намудан ба вазифа Президент савганд ёд мекунад, ки сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунад. Дар соҳаи мудофиаи давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, Шӯрои амниятро таъсис ва ба он роҳбарӣ мекунад, барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо ризоияти Маҷлиси Олӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ истифода мебарад, дар ҷумҳурӣ вазъияти фавқуллода эълон мекунад.

Асоси ҳуқуқии истиқлолияти давлатиро мақомотҳои намояндании ҳокимияти давлатӣ бо роҳи қабули қонунҳо, ки моҳият ва самтҳои истиқлолияти давлатиро муайян мекунанд, ташкил медиҳад. Тибқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Тоҷикистон мебошад. Дар соҳаи қонунгузорӣ бо мақсади волоияти қонунияти давлат дар тамоми қаламрави Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси қонунгузорӣ ва ҳуқуқи қабули қонунҳоро доранд. Бо максади таъмини тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии истиқлолият Маҷлиси Олӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истифода бурдани Қувваҳои Мусаллаҳ берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва ё эълон намудани вазъияти фавқуллода дар кишвар тасдиқ мекунад.

Агар Президент ҳамчун сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро муайян кунад, пас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ тавассути низоми мақомотҳои иҷроия амалишавии сиёсати дохилию хориҷии кишварро таъмин месозад.

Шакли ҳарбии ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистонро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Вазифаҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳро мудофиаи мамлакат аз хатари беруна, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти мамлакат ташкил медиҳанд.

Шакли дипломатии ҳифзи истиқлолияти давлатиро Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ки Конститутсия ва қонунҳо дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ба онҳо салоҳияти васеъ додаанд.

Нақши асосиро дар таъмини волоияти ҳокимияти давлатӣ-ҳамчун қисми таркибии соҳибихтиёрии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ доро мебошад, ки масъалаи мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро бо Конститутсия муайян мекунад.

Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ низ дар таъмини истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд. Ҳангоми риояи санадҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва иҷроия мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ воситаҳои махсусро истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, шаклҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, қонунгузорӣ, иҷроия, намояндагӣ ва дигар воситаҳои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мавҷуд аст.

Ҳамин тариқ, нақши асосӣ ва ҳалкунандаро дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ Президент мебозад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст».

Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи хоси гузариш ба сохти давлативу иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятиро аз сар гузаронида истодааст. Дар назди он як қатор проблемаҳое истодааст, ки аҳамияти муҳимро дорост, ки ҳалли онҳо мақсади стратегӣ аст. Аз ҷумла, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошанд. Аз ин рӯ, тамоми қувваҳои асосии ҷомеа ва мақомоти давлатӣ, зиёиён, воситаҳои ахбори омма ва умуман, шаҳрвандони ҷумҳурӣ фаъолтар гардидаанд. Барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамкориҳоро бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам хубтар ба роҳ монад, мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо иҷрои қонунҳоро дар мамлакат самаранок амалӣ намоянд, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, коррупсия, нашъа ва нашъаҷаллобӣ ва дигар омилҳои манфии ҷомеа пурзӯр карда шавад. Бо ин роҳҳо метавон истиқлолият ва бехатарии онро дар мамлакат таъмин намуд.

 

Тошмаҳмад Маҳмадхонов, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top