Истиқлолият барои ҳар як миллат азизтарин ва муқаддастарин арзиш ба шумор меравад. Мардумоне, ки аз озодӣ бархурдор ҳастанд, метавонанд сарнавишти худро худашон муайян кунанд, фарҳангу таърих ва забони модарии худро эҳё намуда, ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
Мардуми шарифи тоҷик пас аз садсолаҳо орзуи деринаи худро амалӣ сохтанд ва 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистони азиз соҳиби истиқлолият гардид. Истиқлолият барои тоҷикон оғози боби наве дар саҳифаи таърих буд. Ин рӯйдоди тақдирсоз моро ба ҷаҳони озоду мустақил ворид кард, ки дар он ҳар миллат метавонад бо ифтихор аз гузаштаи хеш ба сӯи фардои дурахшон қадам гузорад. Маҳз бо туфайли истиқлолият мо тавонистем арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ғании худро аз нав эҳё кунем, забони давлатиро рушд диҳем ва низоми давлатдории миллӣ таъсис намоем.
Бояд таъкид кард, ки истиқлолият танҳо як санади ҳуқуқӣ нест. Он ифодаи возеҳи ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, озодандешӣ ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа дар назди давлат ва миллат аст. Дар тӯли зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ, миллати тоҷик мушкилоти зиёдро паси сар кард — аз ҷанги шаҳрвандӣ то бӯҳронҳои иқтисодӣ. Аммо маҳз бо раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иродаи қавии мардум, мо тавонистем сулҳу суботро барқарор намоем ва ба сӯи тараққиёт ҳаракат кунем.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи муайян дорад. Дастовардҳо дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, энергетика, варзиш ва дигар бахшҳо гувоҳи онанд, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем. Фароҳам гардидани имкониятҳои васеъ барои ҷавонон, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва пешравии рӯзмарра – ҳама натиҷаи истиқлолиятанд.
Ҷавонон ҳамчун насли ояндасоз бояд дониста бошанд, ки истиқлолият неъмати ниҳоят гаронбаҳост. Онро бояд мисли гавҳараки чашм ҳифз кард. Ватандӯстӣ, илмандӯзӣ, кору заҳмат, эҳтироми қонун ва арзишҳои миллӣ – инҳоянд вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавони соҳибватан.
Истиқлолият барои ҳар фарди бедордил на танҳо як дастовард, балки масъулият аст. Мо бояд на танҳо бо он ифтихор кунем, балки барои таҳкими он кӯшиш намоем. Танҳо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ метавонем Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зеботар гардонем. Ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси кишвар бояд дарк кунад, ки истиқлолият сарчашмаи тамоми пешравиҳо, нусрати миллат ва кафили бақои давлат аст. Онро бо заҳмати софдилона, ахлоқи ҳамида ва дӯстиву якдилӣ бояд пос дорем.
Ҷумъазода Шавкат, муаллими калони кафедраи молия