ИСТИҚЛОЛИЯТ – ГАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2025

«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад».

    Эмомалӣ Раҳмон

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил менамояд. Ҳоло кишвари мо дар марҳилаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти абармарди сиёсат тавонист ҷойгоҳи хосае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеч гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷахонӣ мақоми хосаеро дорост.

Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат вуҷуд доштанд, мо тавонистем бо такя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорем. Мазмун ва аҳамияти Истиқлолият барои тоҷикон танҳо як руйдоди сиёсӣ нест, балки оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ мебошад. Бо шарофати истиқлолият мо рукнҳои асосии давлатдорӣ: Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, Рамзҳои миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ; Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мавқеи асосӣ гирифт. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шуд. Истиқлолият пояи давлатдорӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон аст.

Аз ин хотир, мо насли истиқлол бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ, нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи ҷумҳурӣ мебошад.

Бигзор истиқлолияти тоҷикон ҳамеша ҷовидон ва парчами давлатиамон доимо дар фазои озоди Ватан парафшон бошад!

Ҷашни истиқлолият муборак ҳамватанони азиз!

Суфиев Қадриддин Суҳробович, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top