РУШДИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бинанда: 77 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2025

Ҳамасола бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш ва маориф маҳсуб шуда, ин падидаи нек моро ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат ҳидоят менамояд.

Мақсад аз таҷлили Рӯзи дониш бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу субот аст. Ин ду унсур — илм ва маориф агар бо ҳам пайванданд, метавонанд инсон ва ҷомеаро ба сатҳи баланди тараққиёт расонанд. Миллате, ки ба илму маориф арҷ мегузорад, обрӯю нуфузи ҷаҳонӣ касб намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо мекунад. Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавӣ арҷ мегузоранд.

Бо шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешрафту дастовардҳои кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.

Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.

Танҳо дар соли 2025 дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад.

Таъсири истиқлолият ба соҳаи маориф:

• Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 3 648 бинои муассисаи таълимӣ барои 1 600 000 хонанда сохта ва мавриди истифода қарор гирифт, сохтмону азнавсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 000 хонанда идома дорад.

• Музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд, ки ин тадбирҳо ба ҳавасманд кардани омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат намуданд.

• Дар соли 2024 зиёда аз 41 000 ҷавони боистеъдод дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон таҳсил карданд.

• Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки кадрҳои маҳаллӣ бо таҷриба ва донишҳои байналмилалӣ шинос шаванд.

• Имрӯз Тоҷикистон дорои 163 муассисаи типи нав мебошад, аз ҷумла 79 гимназия ва 84 литсей, ки ҳамаи онҳо дар давраи истиқлолият сохта шудаанд.

• Дар доираи барномаҳои давлатӣ зиёда аз 30 лоиҳаи илмӣ ва тадқиқотӣ амалӣ гардид ва зиёда аз 11 лоиҳаи дигар дар ҳолати татбиқ қарор дорад. Ин лоиҳаҳо имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар самти тадқиқот ва инноватсия пешрафт кунад.

Зимни суханронӣ дар рӯзи дониш ва дарси сулҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳарчи бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, таҳия ва чопи китобҳои тахассусиро таҳлилу баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати омӯзгор андешаронӣ намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро нишонаи олии эҳтирому қадршиносии омӯзгор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд.

Роҳбари давлат иброз доштанд, ки “Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мову шумост, ки ба хотири пешрафту ободии диёри баҳиштосои худ, хусусан, дар доираи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон - 35-солагии истиқлоли давлатӣ пайваста заҳмат кашем ва обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем”.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем.

Хулоса, Истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои бузургро барои рушди соҳаи илм ва маорифи кишвар фароҳам овард, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди кадрҳои ҷавони маҳаллӣ, афзудани сармоягузорӣ ба марказҳои таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ворид намудани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, таҳким ва васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намуд.

Амонов Саҳбон Сарватҷонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, котиби масъули Паёми ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top