Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нодиру беназир дар таърихи миллати тоҷик аст. Он натиҷаи ҷонбозиҳо, муборизаҳо ва орзуҳои чандинсолаест, ки ниёгони мо дар роҳи озодӣ ва соҳибдавлатӣ доштанд. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик маънои озодии фикру андеша, интихоб ва ҳимояи манфиатҳои миллиро дошта, заминаи мустаҳкам барои пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад.
Истиқлолият ба давлат имкон дод, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, роҳҳои рушди минбаъдаро дар асоси манфиатҳои миллӣ интихоб кунад. Ин озодии сиёсӣ ва соҳибихтиёрӣ имкон фароҳам овард, ки тоҷикон бо ифтихор дар саҳнаи ҷаҳонӣ худро ҳамчун миллате бо таъриху фарҳанги қадимӣ ва давлатдории мустақил муаррифӣ намоянд.
Дар давраи сиву чор соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон роҳи пурпечутоби давлатсозиро аз сар гузаронида, имрӯз ҳамчун давлати муосир, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудааст. Дар ин ҷода хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва сарнавиштсозанд. Маҳз бо роҳбарӣ ва хирадмандии эшон давлат аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт, сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардид ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин шуд.
Сохтори давлатдорӣ дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва арзишҳои миллӣ шакл гирифта, қонунгузории миллӣ такмил ёфтааст. Парлумони касбӣ фаъолият дорад, интихоботи демократӣ баргузор мегардад, низоми судии мустақил амал мекунад ва идоракунии президентӣ ҳамчун шакли самараноки давлатдорӣ таҷриба гардид.
Бо шарофати истиқлолият ва талошҳои роҳбарияти кишвар, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо кард. Ҷашнҳои миллӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ баромада, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон мавриди арҷгузории халқҳои гуногун қарор гирифт. Имрӯз миллат бо ифтихор дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии худро муаррифӣ менамояд.
Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки на ҳар миллат соҳиби он аст. Аз ин рӯ, ҳар як фарди кишвар бояд қадри онро донад, барои ҳифз ва пойдории он саҳм гузорад. Зеро танҳо дар фазои озодӣ ва соҳибистиқлолӣ аст, ки орзуву ормонҳои миллии мо амалӣ мегарданд.
Истиқлолияти давлатӣ – рамзи саодати миллат, ифтихори ҳар як тоҷик ва заминаи рушду пойдории давлатдории миллӣ мебошад.
Холаҳмади Сайалӣ, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи молияи ДДТТ