Асри ХХI ҳамчун асри иттилоот ва рушди технологияи муосир аз ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз ҳама худшиносу худогоҳ буданро тақозо менамояд. Маҳз ба василаи худшиносӣ инсоният дар ҳама гунна шароит гузаштагони худро пос дошта, имрӯзу ояндаи миллату давлаташро аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мекунад. Баъд аз ноил шудан ба Истиқлолияти комили давлатӣ 9 сентябри соли 1991, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил зарурати муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии он ба ҷомеаи ҷаҳон ба миён омад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон сиёсати санҷидаву дурбинонаеро бо номи “сиёсати дарҳои боз” тарҳрезӣ намуд, ки он барои узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии ин кишвар бо аксари давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд.
«Рӯзи соҳибистиқлолии мамлакат, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлатии тоҷикон мебошад», – ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба рузи Истиқлолияти давлатии мамлакат изҳор доштанд. Воқеан ҳам, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати беназири халқи тоҷик маҳсуб ёфта, барои ноил шудан ба он миллати тоҷик марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст. Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми худро гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳонӣ иштироки фаъолона доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки кишварҳои зиёди олам барои ташкили як давлати мустақил ва пойдор ҷоннисориҳои зиёде намуда, дар муддати чандин солҳо соҳиби давлат гардиданд. Аммо бо вуҷуди таъсиси як давлат, ба бештари кишварҳо ҳанӯз ҳам муяссар нашудааст, ки субботу осоиштагиро дар мамлакати худ нигоҳ доранд.
Аз гуфтаҳои дар боло зикршуда бармеояд, ки таъсис додани як давлат ва таъмини истиқлоли комил дар он агар кӯшиш ва машаққатҳои зиёдеро тақозо кунад, пас сарнагун кардани сохти он ва халалдор кардани оромӣ дар он кори душвор нест. Аз ҷониби дигар, ташкил кардани давлат танҳо ба таъсис додани сохтори маъмурӣ вобаста набуда, меҳвари асосии пойдорӣ ва ҳифзкунандаи он ин иттиҳоди шаҳрвандони он, ки дар маҷмӯъ миллати онро ташкил медиҳанд, ба ҳисоб меравад. Муттаҳидии як миллат дар навбати худ баланд будани ҳисси ватандустиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсиро дар ниҳоди ҳар як фарди соҳибватан тақозо мекунад.
Маҳз ба воситаи тарҳрезӣ гардидани сиёсати “дарҳои боз”, ки ба таъкиди Президенти кишвар мазмуни аслии он «ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон» маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки бо дилхоҳ кишвари ҷаҳон ҳамкории судманди гуногунҷанбаро барқарор намуда, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам оварад. Ба андешаи коршиносони соҳа ҷавҳари ин сиёсат, ки Президент онро эълом кардаву бар он роҳбарӣ мекунад, ин аст, ки кишвари мо ҳеҷ кишвареро ғайридӯст намешуморад ва омодааст бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон – бар пояи дӯстӣ – ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дошта бошад.
Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое мебошад, ки барои ба даст овардани Истиқлолияти комил марҳилаҳои зиёдеро паси сар намуда, ба ин неъмати бузург ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ ҳарчанд ба осонӣ ба даст наомада бошад ҳам, аммо миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳи тоҷик тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ин дастоварди бузург ноил гашта, соҳиби давлати мустақили бо ном Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад. Имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 190 кишвари олам эътироф намуда, 180 кишвари олам бо мамлакати мо робитаи дипломатиро барқарор намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди обу иқлим, терроризму экстремизм ва сулҳу осоиштагӣ яке аз мамлакатҳои пешсаф ва ташаббускор аст, ки ин боиси ифтихори хурду бузурги меҳан аст.
Инак миллати тоҷик 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолиятро таҷлил мекунад, ки он нишонаи муттаҳиддиву иродаи қавии ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат ҳаст. Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик буда, он барои таъмини зиндагии шоиста ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Абдуллозода Азамат, н.и.и., дотсенти кафедраи молияи ДДТТ