Истиқлолияти давлатӣ неъматест, ки барои ҳар як миллат, давлат ва ҷомеа арзиши олӣ дорад ва омили асосии пешрафти соҳаҳои мухталифи давлат, аз ҷумла, маориф ва илм ба шумор меравад.
Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизро таҷлил мекунанд. Барои ба даст овардани ин неъмати бузург мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузаштанд ва дар ниҳоят ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мардуми Тоҷикистон гардидааст, натиҷаи заҳматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басе мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд. Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пайваста ва ҳимояти устувори мардуми шарифи кишварамон ба мо муяссар гашт, ки ин масъулияти муқаддасу таърихиро ба уҳда гирем ва давлатдории миллиро аз вартаи нестӣ наҷот диҳем».
Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳамасола чораҳои заруриро андешида, фармонҳо, қарорҳо ва дар маҷмуъ асосҳои меъёрии ҳуқуқии ин соҳаҳоро мукаммал ва ба шароити муосир мутобиқ мегардонад, ки ин ҳолат боиси рушди иқтисодиёти миллӣ мегардад.
Баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илмро аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилии худ эълон намудааст, зеро шахсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, неруи тавонои зеҳнӣ ва кафили пешрафти давлату ҷомеа ба шумор мераванд.
9 сентябр – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол дар саросари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти истиқлолият дар суханронии хеш чунин зикр намуда буд: «Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тўли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд. Мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолияти давлатӣ бо назардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта бисту се сол қабл ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем».
Аз ҳамин лиҳоз, Президенти кишвар соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон «рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз» дониста, зикр намудаанд, ки миллате ки «тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст. Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».
Чун дар арафаи 34-умин солгарди ҷашни Истиқлолият қарор дорем, бинобар ҳамин тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанонро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, орзумандем, ки ин ҷашни фархунда ба ҳар як сокини Ватани маҳбубамон бахту саодати поянда оварад.
Наботова Парниён Ҷумахоновна, муаллими калони кафедраи молия