Тоҷикистон ба шарофати истиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёри демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Вале дар оғози соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо ба зарбаи даҳшатбори тақдир – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба масъалаи ҳаёту мамот табдил ёфта буд.
Танҳо бо азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву пуштибонии мардуми шарафманди кишвар ба мо муяссар шуд, ки оташи ҷангро хомӯш кунем, мардуми парешоншударо сарҷамъ созем, ҳастии давлати ҷавонамон ва истиқлолу озодии онро ҳифз намоем.
Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.
Боиси қаноатмандиву сарфарозист, ки шаҳрвандони мамлакат ҳар як ҷашни милливу давлатии худ, хусусан, ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбуби хешро бо заҳмати созанда ва дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.
Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери парчами истиқлолу озодӣ, яъне парчами нангу номуси миллӣ ва дар атрофи сиёсати созандаву ободгаронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат муттаҳиду сарҷамъ гардида, дар ҷодаи тақвият бахшидани пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ва фароҳам овардани зиндагии муносибу шоистаи ҳар як хонадони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Вале фаромӯш набояд кард, ки роҳи расидан ба чунин рӯзҳои осуда ва дастоварду пешравиҳои имрӯза чандон ҳамвору осон набуд. Ин Ватан аз мост ва тамоми масъалаву мушкилоти онро мо худамон бо заҳмати аҳлонаву содиқона бартараф месозем.
Мо бояд ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи саноат, коркарди маҳсулот ва содироти онро рушд диҳем, дар шароити пурҳаводису мураккаби ҷаҳон барои ҳамватанонамон ҳарчи бештар ҷойи кор муҳайё намоем.
Шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикистони маҳбубамон намуда, чун ҳарвақта софдилона заҳмат кашида, дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд мегузорем.
Абдуҳотиф Қодиров, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ