ПЕШВОИ СУЛҲОВАРУ СУЛҲПАРВАР

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 16 Сентябр 2025

Сулҳи тоҷикон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи беназиртарин ба шумор рафта, бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ва созмону институтҳои ҷаҳонӣ онро ҳамчун намунаи муваффақ барои ҳалли низоъҳои дохилӣ меомӯзанд ва дар таҷрибаи хеш истифода менамоянд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 ба имзо расид, беназиртарин намунаи муваффақи сулҳ пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар фазои пасошӯравӣ ва ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Модели сулҳи тоҷиконро имрӯз кишварҳое, ки бо низоъҳои дохилии хеш даргиранд ба таври васеъ истифода менамоянд. Ин модели муваффақ натиҷаи талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мебошад, ки пайваста баҳри тинҷию амонии мамлакати азизамон саъю кӯшиш менамоянд.

Аксарияти кишварҳое, ки дар онҳо низоъҳо ва кашмакашиҳо ҷараён доранд, аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон истифода намуда, дар конфронсҳо ва нишастҳои байналмилалӣ аз он ёдовар мешаванд.

Созмони Милали Муттаҳид, ки нақши муассир дар мусоидат ба сулҳи тоҷикон дошт, баъдан ин таҷрибаро ҳамчун намуна дар дигар кишварҳо ба таври васеъ истифода бурд. Ҳамчунин:

  • Созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва пажӯҳишгоҳҳои сулҳомӯзӣ (мисли International Crisis Group, Geneva Call) таҷрибаи сулҳи тоҷиконро таҳлил ва паҳн намуданд.
  • Бархе аз донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ, аз ҷумла дар Русия, Аврупо ва ИМА барномаҳои омӯзишии худро бар пояи таҷрибаи сулҳи тоҷикон бунёд кардаанд.

Унсурҳои махсуси сулҳи тоҷикон барои таҷрибаи ҷаҳонӣ инҳо маҳсуб меёбанд:

  • Барқарории эътимод тавассути баргардонидани муҳоҷирон ва авф;
  • Ширкати гурӯҳҳои динию мазҳабӣ ва миллӣ дар раванди сулҳ;
  • Роҳи дарозмуддати мутобиқшавии мухолифин ба сохторҳои давлатӣ.

Сулҳи тоҷикон намунаи воқеии муваффақияти сулҳи дохилӣ тавассути гуфтугӯи мутақобилаи сиёсӣ ва иродаи миллӣ мебошад. Он дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳамчун сарчашмаи илҳом, модели таълимӣ ва манбаи омӯзиш арзёбӣ мегардад. Барои кишварҳое, ки мехоҳанд аз муноқишаҳо бароянд, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад ҳамчун роҳнамо ва оинаи ибрат хизмат кунад.

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои бесобиқаашон ҷиҳати барқарор ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардиданд.

Ин қадрдонӣ нишон аз эътирофи ҷаҳонӣ ва хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шахсияти сулҳовару сулҳпарвар эътироф гардидааст, мебошад.

 

Саодат Абдуразоқова, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top