Хурсандиовар ва боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки баъди пешниҳод дар суханронии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва суръатбахшӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, дар иҷлоси навбатӣ 25-уми июли соли 2025 дар Созмони Милали Муттаҳид боз як дастоварди бузурги сиёсӣ «Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва миссияи рақамии Тоҷикистон» оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул гардида - оғози як марҳилаи нав барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони рақамӣ, рӯи кор омад.
Аз Қатънома бармеояд, ки мақсади ташаббус он аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ модели танзими зеҳни сунъиро таҳия ва дар амал татбиқ менамоянд. Тавре аз маводҳои дар расонаҳои ҷаҳонӣ нашргашта бармеояд, ҳадафи Қатънома иборат аз чунин падидаҳо дар оғози кор аст:
- таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки бояд ба як маркази ҳамоҳангсозии омӯзиш, таҳқиқот ва технология дар тамоми минтақа табдил ёбад;
- эътирофи модели худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи мувозинати байни танзим ва навоварӣ истифода бурда шавад.
Боиси ифтихор аст, ки Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар тавонист ташаббусеро роҳандозӣ намояд, ки на танҳо аҳамияти минтақавӣ, балки хусусият ва аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Дар ҳақиқат, зеҳни сунъӣ ҷолибтарин ихтирооти асри XXI ба шумор рафта, он дар оянда ҷаҳони моро тағйир дода, усулҳои кор, омӯзиш ва ҳаёти ҳаррӯзаи моро боз ҳам муассиртар хоҳад сохт.
Аммо саволе ба миён меояд, ки зеҳни сунъӣ чист, чӣ гуна фаъолият аст ва чӣ гуна метавонад ба ҳаёти мо таъсир расонад?
Албатта, зеҳни сунъӣ ин падида ва зоҳиршавии чизи нав аст ва маълум аст, ки онро зуд аз худ намудан ва истифода бурдан кори душвор аст. Барои ҳамин, беҳтар мебуд, ки барои фаҳмидани моҳият ва аҳамияти он ба таври мухтасар ин падидаро шарҳ диҳем.
Зеҳни сунъӣ ин фанновариест, ки ба компютерҳо ва системаҳо қобилияти иҷро кардани вазифаҳоеро ба зимма мегирад, ки онҳоро қаблан танҳо инсонҳо метавонистанд иҷро намоянд. Ба ин вазифаҳои зеҳни сунъӣ, ҳамчун инқилоб дар ҷаҳони технология бо назардошти суръатбахшии ҳадафҳои рушди устувор, асосан дохил мешаванд:
- аксҳо,
- қабули қарорҳо;
- матнҳо,
- пешгӯии рӯйдодҳо;
- шинохтани садоҳо.
Дар адабиёти муосир ҳадафи асосии зеҳни сунъӣ, ин вобаста ба системаҳо омӯзонидани қобилиятҳои "омӯхтан" ва "фикр кардан" аст. Масалан, симбиоз як шакли ҳамзистии ду организми намудҳои гуногун дар омӯзиши зеҳни сунъӣ буда, одатан ба онҳо фоидаи мутақобила меоварад. Вобаста ба шарҳи маводҳои энсиклопедияи озод - симбиоз – ин, он организмҳое мебошанд, ки дар шакли ҳамзистии мутақобила якҷоя зиндагӣ мекунанд ё симбиоз, ин як ҷомеаи наздики организмҳои зинда буда, ба намудҳои гуногуни биологӣ тааллуқ дорад.
Ба ибораи оддӣ симбиоз - ин як созишномаи фоидаовар байни ду (ва баъзан бештар - се ва зиёдтар) организмҳое мебошанд, ки ба ивази чизе, ки ба онҳо намерасад, аз ҷумла маводи ғизоӣ ё падидаи муҳофизат намудан - амалӣ мешавад. Ба инҳо, инчунин мисол шуда метавонанд ҳаргуна падидаи зеҳни сунъӣ – herzena, ruknife, media - герзена, рукниф, воситаҳои ахбори омма ва ғайра.
Дар амалияи ҷаҳонӣ бошад, синбиоз ба намудҳои гуногун дучор меояд. Масалан, симбиоз метавонад ҳатмӣ бошад, вақте ки як ё ҳарду шарик комилан аз ҳамдигар вобастаанд ё ба таври факултативӣ ё ихтиёрӣ ин организмҳо мустақилона вуҷуд дошта метавонанд. Ба монанди мағозаи асбобҳои хайвонот ва дорухонаҳои ветеринарии «Живая планета» дар кучаи Горькии ш. Москваи Федератсияи Россия.
Намудҳои симбиозро дар адабиёти муосир ва амалия, бештар ба се гурӯҳ вобаста ба зеҳни сунъӣ, ҳамчун инқилоб дар ҷаҳони технология бо назардошти суръатбахшии ҳадафҳои рушди устувор ҷудо мекунанд: мутуализм, комменсализм ва паразитизм.
- Намуди мутуализм, ин ҳамзистии мутақобилан судманди ду организмро дар бар мегиранд, ки ин ҳамзистӣ ба ҳарду манфиат меорад. Масалан, занбӯри асал ва гулҳо: занбӯрҳо шира мегиранд, гул бошад гардолуд мешавад.
- Намуди комменсализм, ин ҳамзистии мутақобилан ду организмро дар бар мегиранд, ки ин ҳамзистӣ ба як организм фоида оварда, ба дигараш на фоида ва на зарар меоварад. Масалан, моҳӣ ва наҳангҳои камаршакл: ин гуна моҳиҳо муҳофизат шуда ва аз партовҳо ғизо мегиранд, наҳангҳо бошанд на фоида ва на зарар мебинанд.
- Намуди паразитизм, ин ҳамзистии мутақобилаи ду организмро дар бар гирифта, аз ин ҳамзистӣ як организм (паразит) фоида мебинад, дигараш (мизбон) азият мекашад. Масалан, бургаҳо ва сагҳо (бургаҳо ғизо мегиранд, сагҳо дар шакли хашм ва бемориҳои эҳтимолӣ зарар мебинанд.
Аз ин бармеояд, ки зеҳни сунъӣ дар шакл ва намудҳои гуногун дар амалия ва адабиёти муосир зоҳир шуда, ташаккулдиҳандаи сиёсатҳои дохилӣ ва байналмилалӣ буда, табдилдиҳандаи таҷрибаҳои навин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Шаҳрвандони кишвар бо назардошти таҷрибаҳои андӯхташудаи ҷаҳонӣ дар ибтидои масъулият бовар доранд, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани падида ва нозукиҳои қатьнома, он метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз як кишвари истифодабарандаи технологияи воридотӣ ба мамлакати ташаккулдиҳандаи сиёсатҳои байналмилалии зеҳни сунъӣ табдил диҳад.
Ин чунин маъно дорад, ки Қатънома қабул шуд, вале ин оғози кор ва ибтидои масъулият буда, мутахассисони корхона, муассиса ва ҷомеаро корҳои зиёди заҳматталабе барои ояндаи мамлакат интизоранд, ки ниҳоят муҳим буда, аҳамияти ҷаҳонӣ доранд.
Дар ҳақиқат марказ бояд дорои зерсохторҳои технологӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, давраҳои омӯзишии стандартҳо бошад, Дар ин зерсохторҳо ҳатман фазои илмӣ-амалӣ ва тадқиқотӣ барои ҷавонон ва муҳаққиқони минтақа ба вуҷуд овардашуда, рушди касбӣ фароҳам ва имкониятҳо ба воқеият табдил дода мешаванд.
Барои ин мебояд ба яке аз имкониятҳои ба воқеият табдил додани он - ташкили технопарки минтақавии Area AI, ки аллакай сохтмонаш оғоз ёфтааст, метавонад ба нуқтаи асосии ин марказ табдил ёфта, онро бо муҳтавои зеҳнӣ ва омӯзгорони сатҳи ҷаҳонӣ таъмин намуда, дастрасиро ба пойгоҳҳои байналмилалии зеҳни сунъӣ барои фаровон истифода бурдан омода кунад.
Ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, хуб медонад, ки Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ барои дар амал ҷорӣ кардан то соли 2040 кабул гашта, он бояд бо буҷаи устувор, низоми тайёр кардани кадрҳо, механизми мониторинг ва нақшаи мушаххас пурра карда шавад. Зарурати татбиқи зеҳни сунъӣ, ҳамчун инқилоб дар ҷаҳони технология, чунин падидаҳоро дар бар мегирад:
- ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи чаҳонӣ, ки дорои амалияи пешқадами омӯзиши фанҳои зеҳни сунъӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошанд, густариш ёфта, омӯзгорон ва муҳаққиқони ин соҳа пайваста бозомӯзӣ карда шаванд;
- фанҳои зеҳни сунъӣ ба барномаҳои таълимии донишкадаву донишгоҳҳо, ҳамчун муассисаҳои соҳавӣ ва мактабҳои миёна ворид шаванд. Чунин таҷриба аллакай мавҷуд аст. Тавре, ки аз АМИТ «Ховар» 15 августи соли 2025 иттилоъ дода шуд, бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши зеҳни сунъӣ дар якчанд муассисаи интихобшудаи таълимии шаҳри Душанбе шуруъ аз моҳи сентябри соли 2025 машғулияти иловагӣ оид ба зеҳни сунъӣ гузаронида мешаванд.
Ин иқдом дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 ба тасвиб расидааст, амалӣ мегардад;
- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба Маркази ташкили лоиҳаҳои муштарак бо ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози минтақавӣ ташаббускори таҳқиқотҳои фаромиллӣ, шабакаҳои мутахассисони соҳавӣ ва форумҳои минтақавии зеҳни сунъӣ гардида, ҳамгироии рақамиро вусъат бахшад.
Аз ин рӯ, қабули Кодекси миллии ахлоқи рақамӣ, қоидаҳои истифодаи бехатар ва боэътимоди зеҳни сунъӣ ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар муҳити рақамӣ бояд ҷавоби амалӣ ба даъвати қатънома гарданд. Чунки модели танзим бояд на аз рӯи манъи технология, балки аз рӯи роҳнамойи он ба манфиати инсонӣ буда, Қатънома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият диҳад, ки бо ширкатҳои байналмилалӣ созишномаҳо ба имзо расонида, лабораторияҳои муштарак таъсис дода, дар созмонҳои байналмилалӣ, намояндагии рақамии худро муаррифӣ намояд.
Бо ин роҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба яке аз марказҳои пешсафи таҳияи барномаи «Software», омӯзиши кадрҳои рақамӣ ва ташаккули андешаи илмӣ дар самти зеҳни сунъӣ дар минтақа табдил ёфта, ба бунёди муносибатҳои рақамӣ ва технологие, ки дар он навоварӣ, дониш ва инсонмеҳварӣ мақоми пешрафтаро ташкил дода, ташкилу ташаккул ёбад.
Ҳамин тариқ, Қатъномаи СММ оғози нав буда, он на танҳо даъват ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки он даъват ба ҳар яки мо – шаҳрвандон ва пеш аз ҳамма ба омӯзгорон, муҳакқиқону мутахассисони кордон аст. Дар сурати бо рӯҳи навоварӣ, дар ҳамкорӣ ва бо масъулият истиқбол гирифтан, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар харитаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ҷойгоҳи хосса пайдо карда, нуфузашро тақвият диҳад.
Вале, афзалиятҳои зеҳни сунъиро дар ҳаёти одамон аз ҳад зиёд арзёбӣ кардан ғайриимкон аст. Ширкатҳо технологияҳои навро барои ҷустуҷӯи автоматӣ дар замимаҳо барои дастгирии муштариён ҷорӣ мекунанд. Ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар солҳои охир омили инсонӣ ва эҳтимолияти хатогиҳоро ба ҳадди ақал расондааст.
Таҷҳизотҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти одамон муфид буда, истиснои ҳадди аксар хатогиҳои имконпазир боиси ба даст овардани натиҷаҳои дақиқ, ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда мегардад. Зеҳни сунъӣ бошад, ин корро пас аз таҳлили тӯлонии далелҳо иҷро мекунад. Ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии иттилоот эҳтимоли хатогиҳоро кам карда, дарёфти ҷавоб ва ҳалли дурусти онро нишон медиҳад.
Барои фаҳмотар шудани ҷиҳатҳои мусбати зеҳни сунъӣ моҳият ва зарурати истифодабарии онҳоро ҳамчун инқилоб дар ҷаҳони технология бо назардошти суръатбахшии ҳадафҳои рушди устувор, пурратар таҳлил мекунем.
Ҳолати аввал. Имрӯзҳо зеҳни сунъӣ метавонад амалиёти мураккаби ҳисоббарориро идора карда, маълумотҳоро бо коркарди босуръат омода карда, имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои гуногун пешгӯиҳои дақиқ ба даст оварда шаванд. Яъне, ин яке аз Симбиози зеҳни сунъии одамон буда, беҳтарин роҳи ҳал ва яке аз натиҷаҳои мусбат аст.
Ҳолати дуюм. Шурӯъ намудан ба кам кардани хатогиҳо бо ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар солҳои охир бо назардошти омили инсонӣ эҳтимолияти хатогиҳоро ба ҳадди ақал расонд. Чунки таҷҳизот дар ҳама соҳаҳои ҳаёти одамон муфид буда, истиснои ҳадди аксар хатогиҳои имконпазир боиси ба даст овардани натиҷаҳои дақиқ, ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда мегардад. Вале, зеҳни сунъӣ ин корро пас аз таҳлили тӯлонии далелҳо иҷро карда, ҷустуҷӯ ва ҷамъоварии иттилоот эҳтимоли хатогиҳоро кам карда, дарёфти ҷавоб ва ҳалли дурусти онро нишон медиҳад.
Ҳолати сеюм. Ҳуқуқшиносон низ имконияти истифодабарии зеҳни сунъиро барои таҳлили далелҳо пешниҳод карда, бо ин оқибатҳои гуногунро пешгӯӣ карда, хатарҳои асосиро муайян мекунанд. Дар натиҷа, ҳама равандҳои муқаррарӣ ба тартиб оварда шуда, ҳуқуқшиносон метавонанд кореро анҷом диҳанд, ки зеҳни сунъӣ онро ҳанӯз иҷро карда наметавонад.
Ҳолати чорум оид ба қабули қарорҳои дуруст буда, алгоритмҳо таҷҳизотҳоеро эҷод мекунанд, ки барои қабули қарор нисбат ба одамон камтар вақт мегиранд. Вале, боварӣ ба зеҳни сунъӣ ҳамчун вазифаҳои муҳим вақте зарур аст, ки шумо аз эҳсосот ва нуқтаи назари субъективӣ халос шавед. Чунки суръати баланди зеҳни сунъӣ, суръати қабули қарорро таъмин карда, вақтро барои фикрҳои нолозим сарфа мекунад.
Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ аз тафаккури инсонӣ фарқ карда, дар он ҷое, ки одамон дар бораи қарор муддати тӯлонӣ фикр мекунанд, зеҳни сунъӣ дар асоси таҳлили маълумот, онро дар тӯли чанд сония қабул карда, вазифаро иҷро мекунад.
Масалан, агар мо як бозии шоҳмотро муқоиса кунем, пас бо ҳар як ҳаракати минбаъда ба одамон вақтҳои бештар лозим аст, то ҳаракати дуруст ва стратегияи таҳия карда шударо анҷом диҳанд. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ба таҷҳизотҳо имкон медиҳанд, ки ин вазифаро якчанд маротиба тезтар иҷро кунанд. Ин аввалин падидаи мусбат аст.
Бартараф кардани ҳолатҳои хатарнок дар асоси омӯзиши таҷҳизотҳо хатари офатҳоро коҳиш медиҳад, ки ин низ бартарии дигари бешубҳа аст. Инчунин, зеҳни сунъӣ рӯйдодҳои шадидро дар вақти воқеӣ пешгӯӣ мекунад. Бар асари ин гуна маълумот хадамоти изтирорӣ омода аст, тамоми нерӯи худро ба мубориза бо зуҳуроти ношоями табиат равона кунад. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ инчунин метавонанд рӯзҳоеро муайян кунанд, ки шамолҳои сахт, жола ва дигар шароити бад имконпазиранд.
Дар кори шабонарӯзӣ зеҳни сунъӣ хаста намешавад ва ин як ҳолати мусбати объективӣ ва шаффоф аст. Дар истеҳсолоти саноатӣ низ чорӣ намудани таҷҳизотҳои хозиразамон ва системаҳои интеллектуалӣ имконият медиҳанд, ки буҷети корхона барои коргарон ва меҳнати инсон сарфа карда шавад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки зеҳни сунъиро истироҳат лозим нест, бинобар ин, таҷҳизотҳо кори худро иҷро карда, супоришҳоро бе танаффус, бе хуроки нисфирӯзӣ иҷро мекунанд ва дар охири рӯзи корӣ дам мегиранд. Дар натиҷа ҳосилнокии меҳнат ва даромади корхона зиёд мешавад ва ин ҳам бартарии зеҳни сунъӣ аст.
Оид ба мавзуи компютерҳо, комплексҳо, системаҳо ва шабакаҳо аз як тараф бисёр омӯхтан бошад, аз тарафи дигар парадоксаш ин аст, ки бартараф кардани ҷойҳои корӣ аст. Ин чунин маъно дорад, ки бузургтарин хатаре, ки таҷҳизотҳои зеҳни сунъӣ дар солҳои охир эҷод кардаанд, аз байн бурдани ҷойҳои корӣ мебошад. Ва ин як падидаи манфии объективӣ мебошад. Чунки зеҳни сунъӣ ба дамгирӣ эҳтиёҷ надорад, вай метавонад корро дар якчанд смена бидуни таваққуф иҷро кунад. Захираҳои меҳнатӣ ин гуна хосилнокии меҳнатро таъмин карда наметавонанд. Аз ин рӯ, дар оянда хатари он вуҷуд дорад, ки системаҳои интеллектуалӣ одамонро иваз мекунанд. Ин эҳтимолият дар робита бо амалҳои механикии муқаррарӣ баррасӣ карда мешавад. Акнун онҳо мегӯянд, ки зеҳни сунъӣ метавонад вазифаҳои зеҳниро иҷро кунад ва ҷойгузини коргарон дар корҳои мураккаб гардад, вале, чи тавре нашавад, назорат ва танзими иҷрои корҳо ҳамоно ба души одамон мемонад.
Дуруст аст, ки автоматикунонӣ боиси якбора афзоиш ёфтани бекорӣ мегардад. Дар ҷаҳон миллионҳо нафар мутахассисон аз кор маҳрум мешаванд, зеро ҷои онҳоро системаҳои автоматӣ ва роботҳо ишғол мекунанд. Масалан, концернҳо аллакай ба татбиқи барномаҳои роботсозии коркарди металл шурӯъ кардаанд.
Пеш аз ин одамон аз уҳдаи ин вазифаҳо мебаромаданд, ҳоло ба таҷҳизотҳои тезкор, ки маҳсулнокии онҳо якчанд баробар зиёд аст, хароҷоти нигоҳубин ва таъмир назар ба музди меҳнат, додани ҳаққи коркунони беморхонаҳо ва хароҷотҳои дигар хеле кам шуда, дар навбати аввал гузошта мешавад.
Дар ҳақиқат, зеҳни сунъӣ таҳдиди бекориро дар соҳаи ихтисосҳои техникӣ ва дар дигар соҳаҳо ба вуҷуд меоварад. Таҷҳизотҳои зеҳни сунъӣ, аллакай тавонистанд ҳатто ба соҳаи санъат таъсири худро расонанд. Масалан, дар шабакаҳои нейронӣ ба ранг кардани тасвирҳо, эҷод кардан, мақолаю суруд навиштан шурӯъ намудаанд.
Ин чунин маъно дорад, ки бояд дарк кард, ки зеҳни сунъӣ намояндагони касбҳои эҷодиро бо афзалият иваз намекунад ва карда ҳам наметавонад. Ин чунин маъно дорад, ки зеҳни сунъӣ корро нисбат ба тарроҳон тезтар иҷро кунад ҳам, натиҷаи кор аз иштироки шахсӣ ва маълумоти ибтидоӣ вобаста буда, он ҳамчун воситаи муфид арзёбӣ шуда, ба тарроҳон ва намояндагони дигар соҳаҳои эҷодии зеҳни сунъӣ кӯмак мекунад, аммо онҳоро зинда карда наметавонад.
Дар солҳои охир шабакаҳои нейронӣ шаклҳоеро эҷод мекунанд, ки дар паси он идеяҳои беҳтарини башарият истодаанд. Масалан, консернҳо идеяи таҷҳизотҳои бесарнишинро таҳия ва амалӣ мекунанд. Ҳангоми ба охир расидани кор ва ба дараҷаи аъло расидани пешрафт, миллионҳо ронандагон ба мушкилоти бекорӣ дучор мешаванд. Вале, ҳоло ин як чизи камёфт буда, чунин таҷҳизотҳо кам буда, дар масъалаи бекорӣ имрӯзҳо мушкиле вуҷуд надорад. Ҳоло технологияҳои нав схемаҳои куҳнаро пурра иваз намекунанд, нақшҳо ва муоширати шахсии корфармо якҷоя аз таҷҳизот самарабахштар нестанд. Зеҳни сунъӣ низ наметавонад кайфият ва эҳсосоти муштариро муайян намояд, зеро танҳо одам инро метавонад аз рӯи тембри овоз ва дигар аломатҳо муайян намояд.
Аз тарафи дигар, усулҳои анъанавӣ нисбат ба ҷорӣ кардани алгоритмҳои зеҳни сунъӣ дар корхонаҳо арзонтаранд. Аз ин рӯ, коллективҳо барои ҷӯстуҷӯи зеҳни сунъӣ, ҷорӣ намудани он дар истеҳсолот, гузаронидани санҷиш ва тарбияи кадрҳо вақту маблағ сарф намекунанд.
Дар ҳақиқат зеҳни сунъӣ кори ширкатҳоро осон мекунад. Ва ин ҳолат, баъзан онҳо ба фикре мебарад, ки гуё, зеҳни сунъӣ тавоно ва қавӣ аст. Аммо ин нуқта, комилан нодуруст аст. Ҳатто зеҳни сунъии қавитарин аз имкониятҳои майнаи сари инсон тавонотар нест. Иттифоқан, барои тақсимот, нигохубин ва таъмири таҷҳизот дар корхона кадрҳои таҷрибадор талаб карда мешаванд. Ин, дар солҳои охир, як тобиши калони манфӣ буда, мушкилот дар он аст, ки дар ин бобат ба қадри кифоя кадрҳо тайёр карда намешаванд. Аз ин рӯ, аз аввал, маълум аст, ки дар сурати коргарони беихтисос зеҳни сунъиро идора кардан, алгоритмҳо ба сатҳи зарурӣ нарасида, натиҷаҳо бесамар мемонанд.
Сухан дар бораи он меравад, ки дар бисьёр корхонаҳо чунин мутахассисони кордон мавҷуд нестанд ва пайдо кардани онҳо душвор аст. Аз сабаби кам будани кадрҳои зарурӣ, корхонаҳо бо кадрҳои тасодуфӣ ҷойҳои холии муздноки заруриро пур мекунанд.
Нуктаи дуюм, аз он иборат аст, ки зеҳни сунъӣ на дар ҳама соҳаҳо мутобиқ карда шудааст ва ҳолатҳои истифодаи зеҳни сунъӣ маъмул буда, ҳалли тайёри муаммоҳо барои танзим намудани тиҷорат вуҷуд надорад. Аз ин сабаб, онҳо аз сифр офарида шуда, барои онҳо солҳо лозим мешаванд. Ва ниҳоят нуқтаи сеюм, ҷобаҷогузории равандҳои тиҷорат сармоягузориҳои калонро талаб мекунад.
Аз тарафи дигар, менеҷерҳо барои хариди таҷҳизоти нав, иҷораи бино ва баланд бардоштани ихтисоси коркунон пул сарф мекунанд. Вале мушкилоти дигар ҳам ҳаст. Имрӯзҳо танҳо аз рӯи усулҳои кӯҳна кор кардан зараровар буда, истифода аз меҳнати дастӣ, барои кам кардани хатогиҳои омили инсонӣ ба манфиати кор нест. Дар ин ҷода, кормандони ботаҷриба ва мақсаднок кӯшиш мекунанд, ки бо ширкатҳое ҳамкорӣ кунанд, ки технологияҳои муосир ва зеҳни сунъиро татбиқ мекунанд.
Бинобар ин дар коллективи корхонаҳое, ки аз рӯи схемаҳои классикӣ кор мекунанд, коргарони бемаълумот, ки ба такмили ихтисос ва болоравии ихтисос манфиатдор нестанд, боқӣ монда, аз татбиқи зеҳнӣ сунъӣ даст мекашанд. Вале, аз татбиқи зеҳнӣ сунъӣ даст кашидан ғайриимкон аст, зеро интеллекти сунъӣ ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад. Аз ин рӯ, ин гуна ширкатҳо хавфи аз даст додани фоида ва аз рақибон қафо монданро доранд. Ҳол он, ки эҷоди технологияҳои нав ва татбиқи зеҳнӣ сунъӣ дар замони муосир як раванди табиӣ ва бартарии раднашаванда аст.
Аҳаммият ва зарурати зеҳни сунъӣ ва дигар ҳадафҳои пешбинигардидаро дар ҷаҳони имрӯза бо назардошти марказҳои илмӣ ва тадқиқотии ҷаҳонӣ ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ба “Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 - 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳо дар панҷсолаи оянда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ба 7 самт диққати аввалиндараҷа дода, дастур доданд, ки дар чорумин ва панҷумин самт бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо рушди сармояи инсонӣ доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар бо баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ бо назардошти истифодабарии васеи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, васеъ истифода бурда шаванд.
НОЗИМҶОН НИДОЕВ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ, И.В. ПРОФЕССОРИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКИИ ДДТТ