КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД ВА ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

Бинанда: 37 | Санаи нашр: 28 Октябр 2025

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навин беҳамто буда, он ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати муҳимми сарнавиштсоз таҷассумгари ғояҳо ва арзишҳои миллии мо мебошад.

Ин санад барои эҳёи таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши муҳим гузошт. Руҳияи идонаю ифтихори миллӣ ва пос доштани асолати гузаштагон, арҷгузорӣ ба фарҳанги неки аҷдодон, сарҷамъии мардум дар фазои осоиштаи Ватан аз санади сарнавиштсоз будани Конститутсия шаҳодат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, санади олитарини ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Он на танҳо пояи сохтори давлатӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд, балки ба сӯи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими истиқлолияти миллӣ роҳ кушод. Аз ин рӯ, Рӯзи Конститутсия дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рамзи ваҳдат, субот ва худшиносии миллӣ таҷлил мегардад.

Мо аз таърихи давлатдории қадими хеш медонем, ки гузаштагонамон ба муҳим будани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъкид менамуданд. Маҳз аввалин маротиба дар таърихи насли башарият Куруши Кабир Эъломияи ҳуқуқи башарро таҳия намуд ва инсонро ҳамчун арзиши олӣ арҷгузорӣ намуд, ки ин ҳам аз хиради воло ва азалии миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Миллати хирадманд ва доно инсонро арзиши олӣ медонад, қавми камхирад ва сустниҳод инсонро қадр намекунад, ки ин иштибоҳи бузург мебошад ва ҳамин аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди инсон ва озодиҳои ӯ махсус таъкид гардидааст, ки ин аз ҳофизаи бузурги таърихиву башардӯстӣ шаҳодат медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Констититутсияро дар тарзи ҳаёти солим ва давлатдорӣ муҳим ва муассир арзёбӣ намуда, роҷеъ ба ин масъала чунин изҳори андеша намудаанд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991), зарурати таҳияи Конститутсияи миллӣ ба миён омад. Конститутсияи қаблӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1978) дигар ҷавобгӯи талаботи давраи истиқлолият набуд. Ҳамин тариқ, пас аз муҳокимаву баррасии васеъ, рӯзи 6 ноябри соли 1994, шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи нави кишварро қабул намуданд. Ин рӯйдод оғози давраи нави давлатдории миллӣ ва ташаккули низоми демократӣ гардид.

Конститутсия худ чист? Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.

Конститутсия истилоҳи лотинӣ буда, маънои ташкил додан, барпо намудан, бунёд гузоштан, эҷод ва таъсис карданро ифода менамояд ва таърихи бисёрсола дорад. Ба ин маъно, Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад, ки дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва авзои ҳуқуқии шахсро муайян месозад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – қувваи олии ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкамкунандаи асоси сиёсӣ, низоми ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ инчунин, асоси ҳолати ҳуқуқии шахс аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, принсипҳои асосии сохтори давлат, ҳокимият, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар бар мегирад. Дар моддаи 1-уми он зикр шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид мебошад. Ин меъёр пояи асосии тамоми низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакат аст. Муқаррароти Конститутсия ба принсипҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон мувофиқ буда, дар онҳо баробарӣ, озодӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Моддаҳои ҷудогона ба озодии виҷдон, озодии сухан, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон бахшида шудаанд.

Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки омили муҳимми таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Он заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум фароҳам овард. Бо шарофати ин санад, низоми идораи давлат ба принсипи тақсимоти ҳокимият - қонунгузор, иҷроия ва судӣ такя мекунад, ки нишонаи муҳимми демократияи муосир мебошад.

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи нави кишвар рӯйдоди воқеан муҳим гардид.

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим мекунад.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёри конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳимми Конститутсия ин риояи ҳатмии муқаррароти он ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон мебошад. Барои расидан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки шаҳрвандон меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро донанд ва эҳтиром намоянд.

Қабули Конститутсияи нав барои миллати сарбаланди тоҷик, махсусан дар замони соҳибистиқлолӣ амри муҳим ва саривақтӣ буду кафолати осоиштагиву оромии миллат. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонуни асосӣ шароити зиндагӣ ва фаъолияти шаҳрвандон танзим мешавад, ки ин барои миллати бузурги тоҷик хеле зарур аст.

Дар солҳои минбаъда (1999, 2003, 2016) ба Конститутсия як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ ва баланд бардоштани нақши инсон дар ҷомеа мусоидат намуданд.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини олам ҷойгир аст, ки ин аз маърифати баланд, дониши амиқ ва ҷаҳонбинии васеи миллати тоҷик сарчашма мегирад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Конститутсия санади олӣ буда, ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Ҳарчанд мо чунин санад доштем, аммо он ҳама аҳдофу ниятҳои давлату миллатро бароварда намесохт ва ба талаботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷавобгӯ набуд. Дар Конститутсия имрӯз ба гуманизм, нақши инсон ва озодиҳои ӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар он моддаи алоҳида дар бораи инсон ва озодиҳои ӯ мавҷуд аст, ки ин аз кафолати ҳифзи арзишҳои инсонӣ шаҳодат медиҳад. Ба ибораи дигар бигӯем, ин санади муқаддас, ки бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми ҷумҳурӣ ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Хулоса, Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият, ваҳдат ва худшиносии миллии мардум аст. Он асоси рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ташкил дода, барои наслҳои ҷавон ҳамчун дастури зиндагӣ хизмат мекунад. Рӯзи Конститутсия – 6 ноябр на танҳо ҷашни давлатӣ, балки рӯзи эҳтиром ба арзишҳои олӣ ва муқаддасоти миллӣ мебошад.

Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия - ин эҳтиром гузоштан ба инсон ва озодиҳои ӯ, эҳтиром гузоштан ба давлатдории миллӣ ва фаъолияту бақои он мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар шаҳрванд бояд ба ин муқаддасот арҷ гузорад ва моҳияти мавҷудияти онро дар худ таҳмил созад, то ҳамчун шаҳрванди озодбахти Тоҷикистон шаҳди саодати ҳаётро бичашад.

 

Атақулова Дилафрӯз Исмоиловна, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top