“6-ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард, ки иштироки фаъолонаи тамоми мардуми мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ба ҳисоб меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик рӯйдоди тақдирсоз – раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қабули Конститутсия яке аз бузургтарин дастовардҳои мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихии навини халқи тоҷик ба шумор меравад. Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Дар таърихи кишвари мо 5 маротиба солҳои 1929, 1931, 1937, 1976 ва 1994 Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки онҳо марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикоси сиёсати инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он ба шумор рафта, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва эътимоди динӣ дар Тоҷикистон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз намудаанд, ки “6-ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард, ки иштироки фаъолонаи тамоми мардуми мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ба ҳисоб меравад”.
Аз замони қабули Конститутсия то имрӯз бо назардошти тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа се маротиба, яъне солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки он шаҳодат медиҳад, ки Конститутсия як санади зинда , ҳамқадами замон ва ҷавобгӯ ба ниёзҳои мардум мебошад.
Имрӯз мо метавонем бо ифтихор гӯем, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми шарафманди тоҷикро дар гирди арзишҳои ягона – сулҳ, ваҳдат ва истиқлолият муттаҳид сохта, ба ҷомеа руҳияи қонунпазирӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба давлатро омӯзонида истодааст.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон аст. Чуноне, ки дар баромадҳои худ қайд мекунанд “Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем, аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номумкин аст”.
Инак, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 – сола шуда, мардуми ватандӯсту соҳибмаърифат бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсия ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд менамоянд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардида, вазифаи мо ҷавонон аз он иборат аст, ки ин санади муҳимро эҳтиром намоем ва бигзор ҳамеша кутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи кишвари азизамон гардад.
Суфиев Қадриддин Суҳробович, ассистенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 